Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон.. ва гузинаҳои дӯшвор
Таърихи изофа : 7/7/2016 6:36:15 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Бо судури аҳкоми Додгоҳи олии Тоҷикистон алайҳи фаъолони ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати Исломии ин кишвар барои муддатҳои тӯлонӣ ба зиндон, раиси ҷумҳур Имомалӣ Раҳмон амалан тавофуқномаи сулҳи тоҷиконро ба оташ кашид ва хокистарашро дар бод раҳо дод… cулҳе, ки яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистони муосир баъд аз фурупошии Шуравӣ буд ва бидуни ҳусни ният ва ҳамкории содиқонаи наҳзатиҳо ҳаргиз гумони таҳаққуқаш набуд.. хуб ҳоло он ҳама достоне беш нестанд...

Пурсиши асосӣ инаст, ки ҳизбе ба бузургӣ ва панҳои Наҳзати Исломӣ ва бо пешинаи таърихӣ ва решаҳои мардумиаш чӣ  гузинаҳоеро дар ихтиёр дорад? ҳизб дигар фаълоияти қонунӣ карда наметавонад, раҳбарони аввалаш ё дар зиндон ба сар мебаранд, ё бирӯни марз.. оё мешавад гуфт, ки дигар кори ин ҳизб дар Тоҷикистон тамом аст ва оянда барои фаъолияти он дидан намешавад? оё мешавад ин марҳалаи дӯшворро бо фишорҳои берӯнӣ аз роҳи ниҳодҳои байналмилалӣ кӯтоҳтар сохт ва дар мавқифи оқои Раҳмон нармӣ эҷод кард? Таклифи тӯдаҳои наҳзатӣ ба вижа насли ҷавон чӣ хоҳад буд.. он ҳам дар набуди шахсиятҳои меҳварӣ ва ботаҷриба? Оё онҳо ба фаъолиятҳои мусолиматомези фикрӣ ва иҷтимоии худ ба шакли сиррии он идома хоҳанд дод? ё бархеашон роҳу равишҳои хашин ва пархошгарро дар муқобила бо худкомагиҳои режим бархоҳанд гузид?

Ман шахсан ба ин бовар ҳастам, ки наҳзатиҳо барои ба даст овардани озодӣ ва ҳуқуқии худ даст ба хушунат нахоҳанд зад ва дар чавкоти фурсатҳои дохилӣ ва хориҷии дастдошта ҳаракат хоҳанд кард.. ва фишорҳои дохилӣ ва хориҷиро яксон ба ҳукумати Имомалӣ Раҳмон ворид хоҳанд кард, то дар мавриди мавқифи сахтгиронааш дар қиболи Наҳзати Исломӣ таҷдиди назар кунад.. ин гузина барои бархе хелеҳо амалӣ наменамояд..

Ва аслан мавқифи муташаддид ва пархошгаронаи оқои Раҳмон бар зидди Наҳзати Исломӣ худ бархоста аз ин ҳақиқат аст, ки дигар дар қиболи сиёсатҳои истибдодӣ ҳарфе барои гуфтан надорад.. ӯ дорад бар зидди тероризм меҷангад..

Агар чӣ ҳукумати Душанбе хуш хоҳад шуд, ки Наҳзат аз гузинаи даст бурдан ба силоҳ ва хушунат ҳарф бизанад.. аммо ин гузинаро раҳбари Наҳзат рад карда ва воқеиятҳои ҷомеа ҳам онро рад мекунад.. аммо сиёсатҳои саркӯбгаронаи режим шояд бархе ҷавононро водорад то ба ҷараёнҳои мусаллаҳи минтақа ҷазб шаванд..

Наҳзат ба боварии бисёре дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон омили асосии сулҳу субот буд ва ҳаст.. ва берӯн кардани он аз муодалаи сиёсӣ дар дарозмуддат ба нафъи Тоҷикистон нахоҳад буд..

Наҳзати Исломии Тоҷикистон бошад ва ё биравад.. Ислом бо қуввати худ дар байни мардуми Тоҷикистон ҳузур дорад.. ва режими Раҳмон наметавоанд бо канор задани Ҳизби наҳзат Исломро аз арсаи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дӯр кунад.. бо вуҷуди кӯшишҳои ҳамаҷонибаи ҳукумат барои тақдими як қироати расмӣ аз Ислом ва эҷоди як “исломи тоҷикӣ” ҳанӯз исломи мардумӣ бо қувваташ боқӣ аст ва ҳар навъ кӯшише барои контроли ҷиддии он Тоҷикистонро ба сӯйи бесуботӣ тела хоҳад дод..

 

Мутеъуллоҳ Тоиб

 Сафҳаи фесбук

Теъдоди боздид :
81169

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок