Фазилати рӯза дар аёми гарм
Таърихи изофа : 6/7/2016 6:56:08 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Воқеъ шудани рӯза дар аёми гарм агар миқдоре заҳмати мусалмонро зиёд мекунад, аммо фазилатҳо ва баракоте дорад, ки аз шунидани он ошати шавқ дар қалби мусалмон шуълавар мешавад ва аз ин, ки Аллоҳи мутаол рӯзаро дар чунин аёми гарме барояш муқаддар фармудааст, шодмону масрур мешавад, шодӣ ва масарате, ки аз он дар либос нагунҷад.

Чуноне, ки он Ҳазрат (с) дар фазилати рӯза дар аёми гарм мефармояд: “إن الله قضى على نفسه أن من عطَّش نفسه لله في يوم حار، كان حقًا على الله أن يَرْوَيه يوم القيامة» قال: فكان أبو موسى يتوخى اليوم الشديد الحر الذي يكاد الإنسان ينسلخ فيه حراً فيصومه» (روایت از ابن أبي الدنيا)”, “Бешак Аллоҳ бар худ файсала кардааст, ки ҳар кас бо гирифтани рӯза дар рӯзи гармӣ ба хотири ризои Аллоҳи мутаол худро ба ташнагӣ диҳад, бар Аллоҳ ҳақ аст, ки вайро дар рӯзи қиёмат сероб гардонад”. Аз  ҳамин хотир Абӯмӯсо Ашъарӣ (р) чунон рӯзи гармеро барои  рӯза интихоб мекард, ки наздик буд, инсон аз гармии зиёди он пӯст андозад”.

Ва ҳамчунин Саҳоба (р), ки ташнаи хайру фазилат буданд, на танҳо, ки аз гармии ҳаво дар ҳоли  рӯза ба танг намеомаданд, балки рӯза дар аёми гарми солро як ифтихор дониста ва бо азму ирода бадон рӯ меоварданд.

Бале! Бандаи воқеӣ ҳангоме эҳсос мекунад ба хотири пайравӣ аз фармони Парвардигор кому забонаш хушкидааст, аз он эҳсоси ифтихор мекунад, чаро, ки медонад расми вафо барои касе, ки даъвои муҳаббат ва вафодорӣ мекунад, чунин аст ва чаро чунин эҳсосе барояш даст надиҳад, дар ҳоле, ки медонад ин ташнагии вай чӣ қадар дар фардои қиёмат вайро дар мақоми иззату қурб қарор медиҳад, тавре, ки ҳазрати Саҳл бин Саъд (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармуданд: “إِنَّ فِي الْجَنَّةِ بَابًا يُقَالُ لَهُ الرَّيَّانُ يَدْخُلُ مِنْهُ الصَّائِمُونَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ لَا يَدْخُلُ مِنْهُ أَحَدٌ غَيْرُهُمْ يُقَالُ أَيْنَ الصَّائِمُونَ فَيَقُومُونَ لَا يَدْخُلُ مِنْهُ أَحَدٌ غَيْرُهُمْ فَإِذَا دَخَلُوا أُغْلِقَ فَلَمْ يَدْخُلْ مِنْهُ أَحَدٌ » (صحیح بخاری)”, “Дар биҳишт дарест, ки “Райён” ном дорад- яъне бисёр серобкунанда- рӯзи қиёмат танҳо рӯзадорон аз он вориди биҳишт мешаванд, гуфта мешавад: куҷоянд рӯзадорон? Ишон ба по мехезанд ва касе ғайр аз онҳо аз он дохил намешавад ва чун аз он ворид шуданд, он дарвоза баста мешавад, ба гунае, ки дигар касе аз он дохил шуда наметавонад”.

Аз ҳамин хотир Расули Аллоҳ (с) ҳангоми ифтор аз ташнагии рӯза бо ифтихор ёд карда ва мефармуданд: “ذَهَبَ الظَّمَأُ وَ ابتَّلَّتِ العُرُوقُ وَ ثَبَتَ الأَجرُ إِن شَاءَ اللهُ» (مستدرک حاکم)”, “Ташнагӣ дӯр шуд ва рагҳо сероб гашт ва- ба хости Аллоҳ- аҷру савоб собит шуд”.

Пас хӯшо ба саъодати хоҳару бародари рӯзадори мо, ки бо гирифтани рӯза дар ин аёми гарм ва баландии сол, қалбро аз тирагиҳои ғубори гуноҳ полоиш дода ва сидқи бандагӣ ва расму вафодорӣ дар баробари маволи хешро ба исбот мерасонанд.

 

Нигоранда: Мавлавӣ Зиё Аҳмад Фозилӣ

Ислоҳонлайн

Теъдоди боздид :
68884

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок