Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дурӯғ мегӯянд!!
Таърихи изофа : 12/20/2015 9:48:36 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Шӯрои уламои Тоҷикистон эълони пешвои миллатро дар доираи суннат ва Ислом хонд.
Бино ба гузориши сомонаи «Озодагон», шурои маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як баёния эълони Эмомалӣ Раҳмон, раисчумҳури Тоҷикистонро ба ҳайси пешвои миллат, дар доираи суннат ва дини Муҳаммадӣ хондааст.
Тибқи ин изҳорот хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон аз беҳтарин фарзандони ин марзу бум — Анӯшервону Бузургмеҳр, Низомулмулк, Исмоили Сомонию Абулфазли Балъамӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва «дифоъ аз исломи пок» заррае кам нест: “Бояд таъкид кард, ки қонуни мазкур бо маънавиёти дини муҳаммадӣ ва рукнҳои муҳими ахлоқи исломӣ комилан мувофиқ аст. Худованди Ғолиби Боҳикмат дар марҳилае ин марди накӯномро ба арсаи сиёсат овард, ки миллат дар остонаи фано буд”.
Уламои Тоҷикистон адолатро муҳимтарин ва бузургтарин сифати раҳбар хондаанд, ки шариати Ислом ба он аз ҳама бештар арҷ мегузорад. Шӯро аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят овардааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Одилон дар назди Худованд дар минбарҳое аз нур қарор доранд, онон, ки дар ҳукмашон, хонаводаҳояшон ва роҳбарие, ки ба онҳо дода шудааст, адолатро риоя мекунанд».
Дар идома ривоят аз Расули Худо (с)-ро зикр кардаанд, ки фармудааст: «Якрӯза адли подшоҳ аз ибодати шастсолаи як мард беҳтар аст».

Дар охир Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷикистонро бо қабули қонун дар бораи пешвои миллат табрик гуфта, саодати ҳарду ҷаҳонро аз даргоҳи Худованди бузург ба дуо хоҳон аст. ( Озодагон)

Хонандаи азиз, ҳоло бо хам ба таҳлили баёнияи шурои уламо мепардозем ва хоҳем пай бурд, ки то чи андоза гуфтаҳои шурои уламо ба воқеият наздик аст. 
Сароғоз, сар ба мафҳуми луғавии «пешво» мезанем ва баъдан ҷойгоҳи онро дар Ислом ҷустуҷӯ хоҳем кард. Он гоҳ шумо ҳам дарк мекунед, ки чи касе дар Ислом шоистагии пешвоиро дорост ва як пешво аз чи хусуссиёт ва хулқу вижагихое бояд бархурдор бошад.

1) пешво ( پیشوا) — ҳодӣ, қоид, имом, пешрав, сарҳанг, раҳбар, бузурги гурӯҳ, роҳнамои ҷамо»ат ( вожаномаи Деҳхудо; маънии якум)

2) пешво — پیشوا — ( лақаб)

Пешво лақаб аст ва му»одили он дар ҳамаи забонҳо ба маъдудӣ аз роҳбарони сиёсӣ гуфта мешавад, ки ҳукумат мекунанд, аз ҷумла: Адулф Ҳитлер, Бенито Моссулини, Истолин, имрӯза аз ин вожа дар бастаги бо таърифи сифати шахсиятпарастӣ низ истифода мешавад. ( вожаномаи Википеди)

Пешвоӣ, ин донишу ҳунар, барномарезӣ, ҳамоҳанг кардан, роҳбарӣ ва назорат кардан бар фаолиятҳои гуногун ба манзури дастёбӣ ба як ҳадафи мушаххас аст. Ин донишу ҳунар дар зиндагиномаи Паёмбари гиромӣ (с) ва сарони саҳоба дар зеботарин ва волотарин шаклаш таҷаллӣ ёфта, ки мудирияти илоҳӣ ва бар мабнои шинохти ҳақиқати вуҷуди инсон аст. Ин роҳбариест, ки бо ҳукумат бар дилҳо муҳаққақ мешавад ва ҳадафи он шукуфо намудани истеъдоди инсон дар ҷиҳати рушду камол ва ворид намудани у дар рушноӣ бо хоҳиши Худованд аст. Худованд дар сураи Иброҳим, ояи якум мефармояд: «Ин китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро бо хоҳиши Парвардигорашон аз торикиҳо берун оварда, ба суи рушноӣ бибарӣ, ба роҳи Худованди азиз ва сутудаи бино». Пас бузургтарин рисолаи анбиё аз байн бурдани монеаю душвориҳо ва фароҳам сохтани заминаи рушду шукуфоии истеъдоди инсон дар ҷиҳати рушду камол аст.

Аз Имом Аҳмад бо шумораи 3/135, 154. 210, 250 ва аз Ибни Ҳаббон бо шумораи 1/360 ( 194 ) ва аз Байҳақӣ бо шумораи 6/288 аз Паёмбар ( с ) ривоят шудааст, ки эшон фармуданд: » Ҳар ки амонат надорад, имон надорад ва он ки бар паймонаш хилоф варзад, дин надорад »
Ин аст, ки Худованд ба мо мефармояд, ки мо бояд аз чи гуна пешвоёне дар тамоми корҳо улгу ва сармашқ бигирем ва чи гуна амал намоем. Дар сураи Аҳзоб; ояи 21-ум мефармояд : » Ҳар оина шуморо дар ( рафтор ва равиш)-и Паёмбари Худо намуна ва сармашқи некӯ ва писандидаест, барои касе ки ба Худо ва рузи вопасин умед медорад ва Худоро бисёр ёд мекунад. »
Дар қомус ва ҷорчӯби чунин роҳбарияте интизор меравад, ки пешвоёни шоиста аз сифоти зер бархурдор бошанд:
1) Доштани имон ва пайвандӣ бо Худованд
2) Доштани меҳру навозиш бо мардум
3) Доштани сабру шикебоӣ дар бархурд бо масоил
4) Доштани шоистагӣ ва лиёкат дар анҷоми корхо
5) Риёсатхоҳ ва худкома набудан
6) Фармонбардорӣ намудани коргузорон аз роҳбар дар ҷойгоҳи ҳақ ( сунати илоҳӣ ин гуна аст, ки ҳар андоза пайванд миёни Худо ва банда ислоҳ шавад, ба ҳамон андоза робитаи инсон бо ҷаҳон ислоҳ мешавад.)
7) Соҳибихтиёрӣ ва масъулиятпазирӣ, кунтрол ва назорат
8) Машварат бо касони солеҳ ва шоиста
9) Вафо ба паймон
10) Дурӣ наҷустан аз мардум
11) Аз имконот суистифода накардан
12) Доштани рухияи интиқодпазирӣ
13) Барқарории адолат
14) Қазоват ва доварӣ

Мисоли низоми худкомаи Эмомали Раҳмон, пешвои худхонда бо низоми исломӣ ва суннати Муҳаммадӣ (с) мисоли рушноии рӯз ва торикии шабро монад, ки дар он яке, кас аз рушноии анвори Муҳаммадӣ роҳнамоӣ шуда ва дигаре дар торикиҳои шаби тор дармондаву ба фонусе ниёзманд аст.
Дар асл қиёси ин ду нораво буда, афъолу кирдорҳои Раҳмоновро ба суннати Муҳаммадӣ пайвастан ва ё нисбат додан, дараҷаи волои нодонию саркашӣ ва хиёнат кардан ба Худою Паёмбару Ислом аст.
Аммо аз чи бошад, ки шӯрои исломии уламои Тоҷикистон, хар як ҳарфи роҳбари давлатро, ки на танҳо хилофи қавонини шариат, балки хилофи арзишҳои дунявият аст, ҷомаи исломӣ ба бар кардан мехоҳанд ва ба имомхатибон дастур медиҳанд, ки ба таблиғи он пардозанд.

Нуқтаи дигаре, ки касро ба ханда ва тассуф хурдан водор месозад, ин қиёс кардани пешвои худхонда — Эмомали Раҳмон бо Анӯшервони одил ва амсоли ӯ, инчунин Эмомалиро мудофеъи исломи пок ном бурдани шурои уламои исломии Тоҷикистон аст. 
Бо сари қудрат омадани Эмомали Раҳмон ва хукумати худкомаю бандитизми ӯ, Исломи азиз сахттарин водию марҳалаҳои хешро дар Тоҷикистон тай намуд. Ҳоло бошад, Исломи азиз дар Тоҷикистон ғариб шуда. Фарзу суннату мустаҳабот ва мукаддасот, ки аркони Исломанд, маҳдуд шудаву бо хости Раҳмонов ба роҳ монда шудаанд. 
Баста шудани ягона ҳизби сиёсии исломи ва мамнӯъ эълон кардани он, задану куштану таҷовуз карданҳо, риштарошию руймолкашию таъқибу таҳқирҳо ва ба зиндон андохтану бадарға кардани аъзои он, тахриби минбару манораю масҷидҳо, таътили тадриси Қуръон, беобрӯсозии уламо, филмҳои дурӯғину сохтакорӣ ва аз ин тариқ зарба задану бӯҳтон кардани бонуҳо, бастани ягона мадрасаи исломӣ, аз минбар рондани уламо, мамнӯъ кардани чойҳои корӣ барои ибодати Худо, мамнӯъ кардани русарӣ ва ичозаи вуруд надодани бонувони муҳаҷҷаба ба мактабу донишкадаҳо, куштани чавонони ришдори донишҷӯ ва фарҳанги бегона ном бурдани ин дини шарифи Худо аз чониби Раҳмонов, миқдоре аз силсилакирдорҳоест, ки шурои уламои исломии Тоҷикистон онро «дифоъ аз исломи пок» ном бурданд.

Магар шурои уламо аз ин ҳама огаҳӣ надоранд?! 
Боре ҳам аз шиканҷа шудани ҷавоне баҳри боварҳояш ва ё кушта шудану маҳбус гаштани дигарандеше нашуниданд?! 
Хеле огаҳанд, аммо дурӯғ мегӯянд, дар ҳоле ки медонанд сазои касе ки масчидро хароб мекунад, касро аз намозгузорӣ боз медорад, риши касро метарошад, ҳиҷоби хонумеро бармедорад, ҷавонеро баҳри ришаш мекушад, амволи миллатро ба тороҷ мебарад, бо Худо ҷанг эълон мекунад, мардуми Худоро хор медорад, кавонини Худою кавонини кишварро поймол мекунад, ба покдоманон буҳтони беҳаёи нисбат медиҳад, чист! 
Донистану дурӯғ гуфтан ва бар дурӯғ як роҳзанро пешвои миллат ном ниҳодан ва ҷулӯтар аз ин, ҳама ин русвоии хешро ба дин пайвастану бар души дин ниҳодан, бузургтарин хиёнат ба Худою ба мардуми Худост. 
Пас оё метавон як фарде ки мавриди ғазаби Худою мавриди нафрин ва хашми мардум қарор дорад, пешво хонд ва онро аз роҳи меҳроби масоҷид ба таблиғ гузошт?!

Фаротар аз ин, шӯрои исломии уламои Тоҷикистон, ба тасрифи мафҳуми адолат пардохта ва барои ассоснок кардани газзофҳои хеш, аз аҳодиси Паёмбар (с) дар боби адли подшоҳон ҳадисе коштаанд ва онро бо ҷуръат ба Раҳмонов нисбат додаанд.

Барои шумо маънои забонии вожаи » адолат»-ро мекорем, то ки бо асли он ошноие дошта бошед. 
Вожаи адл ( адолат) дар луғат ба маъниҳои зер аст: 
адл — عدل — муқобили ситам, муқобили бедод, дод, муқобили ҷавр, адолат, инсоф, амре байни ифроту тафрит, мусовот дар мукофот, ба некӣ, некӣ ва доварӣ ба ҳақ . ( вожаномаи Деҳхудо)

Бидон, эй гиромии некӯниҳод,
Бибояд, ки кӯшӣ ба адлу ба дод.
( Фирдавсӣ)

Бояд ба Шӯрои уламо биомӯзонем, ки адл, расонидани ҳақ ба соҳибҳақ аст ва гузоштани афроди муносиб дар ҷойгоҳе, ки шоиста ва муносиб ба он аст!
Дар ду ҳадисе, ки шӯрои уламо саъй кардаанд, ки онро ба Раҳмонов часпонанд ва як роҳбари ситамкору бадкирдорро бо истифода аз суханони ноби Паёмбари накӯкор (с) ба адлу ба дод тавсиф кунанд, муваффақ нашудаанд. Зеро ҷое ҳам натавонистанд, ки андаке аз адли Раҳмоновро исбот кунанд. Аз ин рӯ, бо овардани умумии ҳадис иктифо карданд.
Мо аз саркардагони шӯрои уламо мепурсем, ки оё воқеан Раҳмонов аз минбаре аз манобири нуронӣ назди Худо доро хоҳад гашт?! 
Оё дар асл роҳбари ҷумҳур дар ҳукм ба ҳак доварӣ мекунад?! 
Оё Раҳмонов дар хонавода ва ин масъулият ва роҳбарие, ки ғасб кардааст, аз адл ба кор мебарад?! 
Оғои Сулаймон Давлатов ва ҷаноби Саидмукаррам, адл ин аст, ки ҳаққи худоро ба ҷой орӣ ва сарогоз Худоро аз хеш хушнуд гардонӣ ва камари бандагӣ ба даргоҳи бениёзаш мӯҳкам бандӣ! 
Адл ин аст, ки мардуми худоро азиз дорӣ!
Адл ин аст, ки канори мардум бошӣ, масъулияти хеш, ки бар душ дорӣ, ба анҷом расонӣ. Адл ин аст, ки мардум аз ту ва аз кирдори ту хушнуд бошанд. 
Аммо ин ки шумо ҷанобон, раисҷумҳурро ба додгустарӣ дар ҷойгаҳи Нӯшервон гузоштед, хуб мешуд, ки чанде аз кардаҳои некаш масал мезадед! 
Имрӯз, ҷаноби Раҳмон ва наздиконаш аз сарватмандтарин шахсони кишвар ва минтақа ба ҳисоб мераванд ва мардуми тоҷик, ба хусус, муҳоҷирин дар фақру беарзиши дар ҷойгаҳи якум қарор доранд, шояд тасрифи вожаи адл дар вожаномаи шумо чунин бошад?! 
Имрӯз мардуми нодори тоҷик дар ҳиҷрат ба хорӣ кушта мешавад, ҳадди ақал аз ҷониби пешвои ғамхори шумо дар таъзияи шаҳрвандони кишвар ҳамдардие ирсол намегардад, шояд ин аст адл назди шумо?!
Дирӯз, кӯдаки ширхораи тоҷик ба сахтию даррандагӣ кушта шуд, Умари ширхор, дунё барояш гирист, ҳанӯз пешвои миллат ҳамдардие баён накард, магар ин аст адли шумо?! 
Роҳбарони дигарандеш яке кушта шуду даҳҳои дигар зиндонӣ ва чанде бадарға ё ин аст адли шумо?! 
Имрӯз аксари ҷавонон барои расидан ба ҳуқуқи шаҳрвандии хеш буланд шуданду ба сахттарин ҳолат дучор гаштанд.Барои пиёда кардани адл дар ҷомеаи тоҷик чи ҷавонмардоне камар бастанду камари онҳо ба дасти пешвои «одилу ғамхор»-и шумо шикаста шуд.
Миқдоре аз вукалои ҳуқуқ бо сабаби пуштибонӣ аз ҳақ ва расидан ба адл ба зиндонҳо хобидаанд!
Пас аз кудум гунаи адл ҳарф мезанед?! 
Лутф кунеду рӯшноӣ андозед!
Ҷанобон, шумо ки имрӯз ба номи дин ба ҷойгаҳе аз мансаб расидаед ва зиндагии худро рангин сохтед ва доред ба пушти Паёмбар (с) корд мезанед, оё боре аз подоши худ андешидаед?!
Ба шумо аз Қуръону ҳадис посух нахоҳам гуфт, чун арзишашро надоред. 
Рӯзе салтанати пешвои ғамхори шумо поин меёбад ва қудрат аз ӯ гирифта мешавад. Он рӯз шумо русвою русияҳ мегаред ва номи шумо ба сафҳаи уламои чоплусу динфурӯши дарборӣ дар сафаҳоти таърих сабт хоҳад шуд ва ояндагон аз шумо нафрин хоҳанд кард.

Котиб: Абдурраҳмон Б.

 

Теъдоди боздид :
103383

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок