21 намояндаи зани муҳаҷҷаба дар порлумони Туркия
Таърихи изофа : 6/26/2015 10:59:24 AM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Дар аввалин ҷаласаи 25-ум давраи қонунгузории маҷлиси Туркия барои аввалин бор дар таърихи ин кишвар, 21 зани муҳаҷҷаба ҳузур ёфтанд. Бо баргузории маросиси адои савганд,  намояндагони ҷадиди маҷлиси Туркия шумори намояндагони зани муҳаҷҷаба низ мушаххаст шуд.

Дар ин марсим, ки ба сурати зинда аз шабакаҳои телевизиони давлатӣ ва маҷлиси Туркия пахш шуд, 21 зани боҳиҷоб барои оғози фаъолияти намояндагии маҷлиси худ савганд ёд карданд.

Ин дар ҳолест, ки 16 сол пеш хонум Марва Ковокҷӣ, намоядаи ҳизби исломии Фазилат ба далели доштани ҳиҷоби исломӣ, муваффақ нашуд дар маҷлис адои савганд кунад ва бо тавассул ба зур масъулини маҷлис ва давлати вақт, вайро аз маҷлис ихриҷ карданд.

Дар солҳои гузашта, низ  як намояндаи боҳиҷоб аз ҳизби Ҳаракати Миллӣ вориди маҷлиси Туркия шуда буд, ки вай ҳангоми адои савганд маҷбур шуд рӯймоли худро боз кунад.

Дар маросими адои савганди дирӯзи  намояндагони маҷлиси Туркия 21 бонуи мунтахаби мардум дар порлумони Туркия бо ҳиҷоби комил дар порлумон ҳузур ёфтанд ва савганд ёд карданд, ки 18 нафари онон узви ҳизби Адолат ва Тавсеа ва 3 тани дигар узви ҳизби Демороти халқҳо (ҳизби курдҳо) мебошанд.

Аз сӯи дигар дар маҷлиси ҷадиди Туркия занон дар шумори курсиҳои худ рекорд шикастанд. Бар асоси натоиҷи интихоботи порлумонии гузашта шумори намояндагони зан ин дар порлумон бо болотарин рақам дар таърихи ин кишвар расид ва дар маҷмуъ 94 намояндаи зан соҳиби курсӣ дар порлумони Туркия шуданд.

Дар интихоботи порлумонии соли 2011 89 намоядаи зан вориди порлумони Туркия шуда буданд.

Теъдоди боздид :
36036

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок