Созмони Хонаи Озодӣ аз вазъи сиёсии Тоҷикистон интиқод кард
Таърихи изофа : 6/25/2015 12:35:21 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Созмони Хонаи Озодӣ (Freedom House) дар заминаи мизони озодӣ ва риояти демокросӣ дар Аврупои шарқӣ ва ҷумҳуриҳои Шуравии собиқ, ки 23 июн дар пойгоҳи иттилорасонии ин муассиса мунташир шуд, аз Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири маҳдуд кардани озодиҳои сиёсӣ ва зери таъқиб қарор додани аъзои мухолифин, вакилони онҳо ва пажуҳишгарони ин кишвар, эътироз шудааст.

Бар асоси ин гузориш вазъи демокросӣ дар сар то сари Аврупои шарқӣ ва ҷумҳуриҳои Шуравии собиқ дар 10 соли гузашта ҳамвора бадтар шудааст.

Хонаи Озодӣ ва вазъи демокросӣ дар 29 кишвари минтақаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ки ба ин асос 7 кишвар: Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Белорӯс, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон дар заминаи озодӣ ва ҳуқуқи сиёсӣ дар бадтарин вазъият қарор доранд.

Аз назари ин муассиса аз лиҳози шохисаҳои демокросӣ, Эстония, Литва ва Латвия дорои бештарин пешрафт ва Узбакистону Туркманистон  дорои бадтарин вазъ будаанд.

Теъдоди боздид :
36166

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок