Зиндагӣ дар партави офтоби сирати Набӣ (с)
Таърихи изофа : 6/14/2015 9:41:21 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Талоши тавҳиномези маҷали фаронсавӣ ба соҳати бузурги Ислом, ғазабу аксуламали мусалмононро дар саросари ҷаҳон барангехт, тазоҳуроти густарда ба роҳ андоха шуд ва  роҳпаймоиҳои бузург сурат гирифт.

Ҷамъияти Ислоҳ низ ин амали зишти маҷали Шарлии фаронсавиро тақбеҳ намуда, роҳпаймоиҳои сулҳомезеро дар тамоми кишвар ба роҳ андохт ва дар зимн чопу нашри брашураи якмиллионаи “сирати Набӣ (с)” ро эълон намуд ва аз ҳамватанон хост, то дар тамвили он кӯмак кунанд. Алҳамдулиллоҳ брашура чоп шуд ва хидмати хонандагон қарор дорад. Умед аст, ки мавриди истифода қарор гирад.

 

Мухтасаре аз зиндагиномаи Расули Аллоҳ (с)

Номашон Муҳаммад, номи падарашон Абдуллоҳ бин Абдулмутталиб бин Ҳошим бин Абдулманоф бин Қусай бин Килоб бин Мурраҳ бин Каъб бин Луий бин Ғоиб бин Феҳр, ки лақаби Феҳр Қурайш буд ва қабилаи Қурайш ба ӯ мансуб аст.

Модараш Омина бинти Ваҳб бин Абдулманоф бин Заҳра бин Килоб бин Мурраҳ аст.

Абдуллоҳ падари он Ҳазрат (с)  шаш моҳ қабл аз таваллуди Ишон дар Ясриб (Мадинаи Мунаввара) вафот намуд. Расули Аллоҳ (с)  рӯзи душанбе, 12 Рабиулаввал ва дар ривояти дигар, 9 Рабиулаввал, соли Фил, мусодиф бо 20 апрели соли 571 мелодӣ чашм ба дунё гушуданд. Падарбузурги Ишон Абдулмутталиб номи он Ҳазрат (с)ро гузошт.

Давраи разои (ширхорӣ)ро назди Биби Ҳалимаи Саъдия гузарониданд. Дар умри 6 солагӣ модараш ва дар умри 8 солагӣ Абдулмутталиб, падарбузургашонро аз даст доданд. Дар умри 20 солагӣ дар ҷанги Фуҷҷор иштирок доштанд. Дар умри 25 солагӣ дар қофилаи тиҷорати Хадиҷа (р) ғуломаш Майсараро ҳамроҳӣ намуданд. Баъд аз сафари тиҷоратӣ Модари Мӯминон Хадиҷа (р) барояш дархости издивоҷ фиристод, ки он Ҳазрат (с) дархости Ишонро пазируфтанд. Дар ин мавқеъ сини он Ҳазрат (с) 25 сол ва ҳазрати Хадиҷа (р) 40 сол буд ва самари ин издивоҷ ду писар ба номҳои Қосим ва Абдуллоҳ ва чаҳор духтар ба номҳои Зайнаб, Руқайя, Умми Кулсум ва Фотима буд.

Замоне, ки сини он Ҳазрат (с) ба 40 солагӣ расид, рӯзи душанбе, 21 моҳи Рамазон, мусодиф бо 10 августи соли 610 милодӣ дар ғори Ҳиро ба паёмбарӣ мабъус шуданд. Модари мӯминон Хадиҷа, Зайд бин Собит, Алӣ ва Абӯбакр (р) аз аввалин касоне буданд, ки ба даъвати он Ҳазрат (с) лабайк гуфта ва ба дини Ислом гаравиданд.

Баъз аз нузули ваҳй даъвати махфии Ислом 3 сол давом кард, ки дар ин муддат бештар аз 30 нафар ба дини Ислом пайвастанд. Бо оғози соли чаҳоруми беъсат, даъвати исломӣ бо нузули ҳукме аз ҷониби Парвардигор ошкор гардид ва ҳамзамон бо ошкор шудани даъват, зулму ситам ва шаканҷаи мушрикини Қурайш болои мусалмонон оғоз гардид. Замоне, ки зулму таҷовузи мушрикин ба шиддат гирифт, барои бори аввал дар соли 5 беъсат 12 тан аз мардони мусалмон ва 4 тан аз занони мусалмон маҷбур ба ҳиҷрат ба Ҳабаша гардиданд.

Дар соли 6 беъсат, ҳазрати Ҳамза ва Умар (р) мусалмон шуданд ва дар соли 7 беъсат ба теъдоди 101 тан аз мусалмонон барои бори дуввум ба сӯи Ҳабаша ҳиҷрат намуданд, ки дар ин миён 83 мард ва 18 зан шомил буд. Дар ҳамин сол Қурайш бо Бани Ҳошим, ки қавми он Ҳазрат (с) буданд, муқотаъа намуда ва ба ҷуз Абӯлаҳаб ҳамаи онҳоро дар дараи Абӯтолиб дар муҳосира қарор доданд. (Ин муҳосира 3 сол давом намуд, на як сол).

Моҳи Муҳаррами соли даҳум ин файсалаи золимона ба поён расид ва дар моҳи Раҷаби ҳамин сол Модари мӯминон Хадиҷа (р) ва Абӯтолиб аз дунё реҳлат намуданд. Дар ҷараёни ҳамин сол силсилаи нашри даъвати исломӣ ба хориҷ аз Макка оғоз гардид. Аввалин сафари даъватии Паёмбар (с) хориҷ аз Макка ба шаҳри Тоиф буд, ки бошандагони ин шаҳр Паёмбар (с)ро бо партоби сангҳо азият доданд.

Дар соли даҳуми беъсат шаш тан аз бошандагони шаҳри Мадина (Ясриб) ба Ислом мушарраф гардиданд ва дар соли ёздаҳум ё дувоздаҳуми беъсат дар моҳи Рабиулаввал ё Муҳаррам воқеаи Исро ва Меъроҷ иттифоқ афтод.

Дар соли дувоздаҳуми беъсат дар мавсими Ҳаҷ дувоздаҳ тан аз мардуми Мадина бори дигар бо Паёмбар (с) байат намуданд, ки баъд аз ин байат ҳазрати Мусъаб бин Умайр (р) ба ҳайси аввалин сафири даъватӣ барои таълими аҳкоми Ислом ба Мадина фиристода шуд.

Дар соли 13 беъсат ҳангоми Ҳаҷ 27 моҳи Зулҳиҷҷа шабҳангом он Ҳазрат (с) ҳамроҳ бо дӯсташон ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ (р) аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намуданд, ки дар шашуми Рабиулаввал рӯзи душанбе дар Қубо, минтақае наздики Мадина расиданд.

Дар Мадинаи Мунаввара манзили ҳазрати Абӯаюби Ансорӣ (р) барояш вақф гардид ва дар он ҷо қабл аз ҳар кори дигар, асоси масҷидеро гузоштанд, ки акнун ба номи Масҷиди Набавӣ ёд мешавад. Баъдан дар байни тамоми бошандагони Мадина паймони дифоӣ ва муохот (бародарӣ) ба имзо расид ва ба раҳбарии Паёмбар (с) асоси давлати исломӣ гузошта шуд.

Баъд аз барқарории давлати исломӣ, аввалин воқеа, ки иттифоқ афтод, ғазваи Бадр буд. Ғазвари Бадр рӯзи ҷумъа, 17 моҳи Рамазони соли дуввуми ҳиҷрӣ ба вуқуъ пайваст, ки дар ин ғазва лашкари мусалмонон бо раҳбарии ҳазрати Расули Акрам (с) ва лашкари мушрикин бо раҳбарии Абӯҷаҳл (Амр бин Ҳишом) байни ҳамдигар ба корзор пардохтанд.

Дар ғазваи Бадр муҷоҳидин 313 тан ва теъдоди мушрикин 1000 тан мерасид. Дар ҷараёни ин ҷанг 14 тан аз лашкари мусалмонон ба шаҳодат расиданд ва аз лашкари куффор 70 нафар кушта ва 70 нафари дигар асир шуданд.

Дар моҳи Шавволи ҳамин сол қабилаи яҳудии Бани Қайнуқоъ ба сабаби рафтори бад бо як зани мусалмон аз шаҳри Мадина ихроҷ шуданд.

Дарс соли 3 ҳиҷрӣ дар доманаи куҳи Уҳуд, ғазваи Уҳуд байни мусалмонон ва мушрикон даргирифт. Дар ин ғазва 700 мусалмон дар муқобили 3000 мушрик ба ҷиҳод пардохтанд ва дар натиҷа 37 тан аз муширикин кушта ва 70 тан аз мусалмонон ба шаҳодат расиданд, ки Ҳамза (р) (амаки Паёмбар (с)) низ дар миёни ин шуҳадо буд. Баъд аз ин ҷанг қабилаи яҳуди Бани Назир ба сабаби дасисаи қатли Паёмбар (с) аз Мадинаи Мунаввара ихроҷ шуданд.

Дар соли 5 ҳиҷрӣ бо муҳосираи Мадинаи Мунаввара тавассути гуруҳои мухталифи мушрикин, ғазваи Аҳзоб иттифоқ афтод, ки ин ҷанг бидуни хунрезӣ ба шикасти кофирон ба анҷом расид. Дар ҳамин сол қабилаи яҳуди Бани Қурайза ба сабаби хиёнат дар аҳд бо мусалмонон ва ҳамдастӣ бо куффор дар ҷанги Хандақ, муҳосира шуданд, ки дар рӯзи 25 муҳосира мардонашон кушта, занону атфолашон асир ва амволашон ба ғанимат бурда шуд.

Дар Шаъбони соли 6 ҳиҷрӣ, ғазваи Бани Мусталақ ба вуқуъ пайваст. Дар Зулқаъдаи соли 6 ҳиҷрӣ Сулҳи Ҳудайбия байни Паёмбар (с) ва мушрикин Макка сурат гирифт. Баъд аз сурат гирифтани ин сулҳ Паёмбар (с) подшоҳони  мухталифи дунёро бо фиристодани номаҳо ба Ислом даъват кард. Дар Муҳаррами соли 7 ҳиҷрӣ Хайбар фатҳ шуд. Дар соли 8 ҳиҷрӣ ғазваи Муъта ба вуқуъ пайваст, ки дар ин ғазва 3 тан аз фармондеҳони мусалмон (Зайд бин Ҳориса, Ҷаъфари Тайёр ва Абдуллоҳ бин Равоҳа (р)) ба шаҳодат расиданд. Дар 9 Рамазони соли 8 ҳиҷрӣ ба сабаби хиёнати мушрикини Макка бо мусалмонон, Паёмбар (с) бо лашкари 10 ҳазор нафарӣ ба хотири фатҳи Макка равона шуд, ки дар рӯзи чаҳоршанбеи 17 Рамазон Маккаи Мукаррама ба дасти Паёмбар (с) фатҳ гардид. Дар 16 Шаволи ҳамин сол ғазваи Ҳунайн ва муҳосираи Тоиф сурат гирифт, ки бо дарозо кашадини муддати муҳосира, мусалмонон дубора баргаштанд. Дар Раҷаби соли 9 ҳиҷрӣ ғазваи Табӯк хориҷ аз сарзамини Ҳиҷоз ба вуқуъ пайваст, ки бидуни кадом даргирӣ, лашкари Ислом муваффақона баргаштанд.

Дар 27 Зулқаъдаи соли 9 ҳиҷрӣ, рӯзи душанбе Паёмбар (с) барои адои фаризаи Ҳаҷ аз Мадинаи Мунаввара ба сӯи Маккаи Мукаррама равона шуданд, ки дар 4 Зулҳиҷҷа ба Макка расиданд ва бо адои фаризаи Ҳаҷ, тариқаи Ҳаҷ ва қавонини Исломро барои мусалмонон баён намуданд.

Паёмбар (с) рӯзи душанбе, 29 Сафари соли 12 ҳиҷрӣ дӯчори беморӣ шуданд, ки дар душанбеи 12 Рабиулаввали ҳамин сол дар умри мубараки 63 солагӣ дори фониро падрӯд гуфтанд.

 

Сирати он Ҳазрат (с) барои мо чӣ паёме дорад?

Аввалин чизе, ки дар даъвати Расули Аллоҳ (с) ба назар мерасад, инаст, ки Расули Аллоҳ (с) ҳаргуна табъизи ранг, насл (нажод) ва қавму забон ва ватанро мардуд дониста, инсонро ба ҳайси инсон мухотаб месозад ва усулеро барои ӯ пешкаш мекунад, ки дар он хайру фалоҳи ҳамаи башарият нуҳуфтааст. Ҳар кас ин усулро бипазирад, мусалмон аст ва фарде аз уммати Ислом шумурда мешавад, хоҳ сиёҳпӯст бошад ё сафед, бошандаи шарқ бошад, ё ғарб, арабӣ бошад ё аҷамӣ...! лизо ҳеҷ гӯна табъизи аъло ва адно, ҳеҷ гуна имтиёзи табақотӣ ё наслӣ ва ҳеҷ гуна фарқҳои забонӣ қавмӣ, ё ҷуғрофиёӣ, ки баъд аз ташкили ваҳдати ақида дар байни мусалмонон ба миён меояд, як инсонро аз инсони дигар дар ин уммат ҷудо сохта наметавнад!.

Усуле, ки Расули Аллоҳ (с) барои беҳбуди вазъияти башарият пешкаш фармуданд:

 

·         Тасаввури васеъ аз ваҳдонияти Аллоҳи Мутаъол

Аввалин асл пазируфтани ваҳдонияти Аллоҳи Мутаъол аст, на танҳо ба ин маъно, ки Худованд вуҷуд дорад, ва якест, балки ба ин маъно, ки Холиқ, Молик, Мудаббир ва Ҳокими воҳиди ин коинот Ӯст ва ҳеҷ зоти дигаре дар ҳамаи коинот нест, ки ҳокимият ва иқтидор назди ӯ бошад ва ҳаққи амру наҳй дошта бошад ва ё битавонад чизеро аз назди худ ҳаром ё ҳалол гардонад.

Даъвати Ислом инаст, ки Аллоҳи Мутаъолро бо ин ҳайсият бипазирем, ки мо фақат бандаи Ӯ ҳастем ва ҳеҷ каси дигаре ҳақ надорад, ки хилофи қонуни вай бар мо ҳукм биронад.. Ӯст, ки маргу зиндагии моро комилан дар ихтиёр дорад ва агар марг аз ҷониби Ӯ биёяд, ҳеҷ нерӯе наметавонад моро наҷот диҳад ва агар зиндагӣ ато намояд, ҳеҷ нерӯе наметавонад моро ҳалок кунад.

 

·         Озодии ҳақиқӣ

Тасаввури озодии ҳақиқиро ҷуз дини ҳақ, ҳеҷ касе ба ҷомеаи башарӣ надодааст. Дар ин тасаввур мебинем, ки инсон танҳо бандаи Аллоҳи Мутаъол аст, на аз дигаре, ҳатто Расули Аллоҳ (с)! ва ба ин тарбит дини Ислом худоии инсон бар инсонро барои ҳамеша хотима бахшид.

Дар канори ин бузургтарин неъматеро, ки ин пайғом барои башарият ато кард, болодастии қонуни илоҳист, ки ихтиёри радду бадал, ё печу  тоб додани онро барои кадом шоҳи диктотур, ё маҷлиси қонунсози демокротик ё кадом қавме, ки Исломро пазируфта, надодааст.

 

·         Ҷавобдиҳӣ дар ҳузури Аллоҳи Мутаъол

Сухани дигаре, ки Расули Аллоҳ (с) ба бандагони Аллоҳ гуфт, инаст, ки шумо дар муқобили Аллоҳи Мутаъол ҷавобдиҳанда ҳастед, шуморо дар ин дунё ҳамчу шутури бемаҳор нагузоштаанд, ки ҳар чӣ дилатон хост, анҷом диҳед ва дар ҳар кишрзоре, ки дилатон хост, бичаред ва касе аз шумо бозхост накунад, балки шумо аз як як ҳарфатон ва аз ҳама зиндагии ихтиёрии хеш, дар муқобили Холиқ ва Маъбуди худ ҷавобдиҳанда ҳастед ва баъд аз марг бархоҳед хест ва дар баробари Парвардигори хеш барои муҳосаба истода хоҳед шуд.

Ин гунааст, ки бо раҳнамоии Расули Аллоҳ (с), инсон на танҳо як қонуни доимии ғайриқобили табдил ва дорои арзишҳои ахлоқӣ ба даст меоварад, балки барои таҳкими ахлоқ ва шахсиятҳои инфиродӣ ва милли худ, асосеро меёбад, ки ҳеҷ гоҳе мутазалзил намешавад.

 

·         Бакоргиии ахлоқ дар дунёдорӣ ба ҷои раҳбоният

Даъвати Расули Аллоҳ (с) бароямон меомӯзад, ки ахлоқ барои роҳибони гӯшагир нест ва на барои дарвешони хонақонишин, балки бакоргирии ахлоқ барои ҳар бахши зиндагии дунё зарурист.

Муҳаммад (с) ба мардум омӯхт, ки мартабаи вилоят барои инсон бо гӯшагирӣ ва фақат бо Аллоҳ Аллоҳ гуфтан, ба даст намеояд, балки вилоят инаст, ки ҳокимон ва қазиҳо ва генералҳову фармондеҳон ва тоҷирону ғайра, ба шакли як дунёдори воқеъӣ зоҳир гардида ва дар ҳар мавқеъ, диёнатдорӣ ва худотарсии худро исбот кунанд. Ин гуна Муҳаммад (с) ахлоқ ва рӯҳониятро аз гӯшаҳои раҳбоният ва инзивоталабӣ берӯн оварда, дар майдонҳои иқтисод, иҷтимо, сиёсат, адолат, сулҳу ҷанг ба ҷараён андохт.

 

·         Баракоти ҳидояти он Ҳазрат (с)

Ин аз файзу баракати раҳнамоии Расули Аллоҳ (с) буд, ки бо оғози нубувати Ишон, дӯздону раҳзанон аз ҷиноят даст кашида, ба Аллоҳ ва Расулаш имон ованданд ва сипас табдил ба беҳтани амонатдорон ва муҳофизони обрӯ ва ҷону моли халқуллоҳ шуданд.

Қабл аз он Ҳазрат (с) дунё ҳукмфармоёнеро мешинохт, ки бо зулму зур ва куштор раъияти худро зери фишор нигаҳ медоштанд ва бо зиндагӣ дар кохҳои баланд даъвои худоӣ мекарданд ва миллатҳоро ба банд мекашинданд ва бар номӯсҳояшон таҷовуз ва амволашонро мусодира мекарданд, вале Расули Аллоҳ (с) ин дунёро бо ҳокимоне ошно сохт, ки дар бозорҳо ба шакли инсонҳои оддӣ гашту  гузор менамуданд ва бо барпо кардани адлу инсоф, бар дилҳо ҳукумат меронданд.

Агар шахсе мехоҳад бифаҳмад, ки аз ин равиши Расули Аллоҳ (с) чӣ асаре бар уммати вай гузоштааст, метавонад авроқи таърихро нигоҳ кунад. Ҳангоме, ки мусалмонон ба Андалӯс (Испанияи имрӯза) дохил шуданд, чӣ равише доштанд ва ҳангоме, ки масеҳиён бар онҳо ғалаба ҳосил карданд, бо мусалмонон чӣ муомила карданд ва ё дар ҳангоми  ҷангҳои салибӣ вақте масеҳиён дохили Байтулмуқаддас шуданд, бо мусалмонон чӣ гуна бархурд намуданд ва вақте мусалмонон Байтулмуқаддасро дубора гирифтанд, равишашон бо масеҳиён чӣ   гуна буд?

 

·         Бародар ва хоҳари мусалмон

Ин ҷилвае буд аз сирати тобноки Паёбари Раҳмат! ва акнун агар мусалмонон мехоҳанд, ки дубора маҷду азамати аз даст рафтаи худро ба чанг оварданд ва аз ин ҳолати ногувор бадар оянд, бояд ба Қуръон ва суннату сирати Набии Акрам (с) мутамассик шаванд ва мафоҳими ин ду сиқли арзишмандро дар зиндагии фикрӣ ва амалию ахлоқӣ пиёда созанд.

 

Ислоҳонлайн 

Теъдоди боздид :
308689

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок