Симои воқеъии Хумайни
Таърихи изофа : 5/18/2015 8:20:12 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Феҳрасти матолиби ин рисола:

Хумайнӣ, инқилоб ва андешаи ӯ нисбат ба тақриби «шиа» ва суннӣ

 

1) Ҳуввияти мазҳабии Хумайнӣ.

а) Аз назари аҳли суннат Хумайнӣ ба кадом фирқа аз шиаҳо тааллуқ дорад?

б) Доварии уламои бузурги қарни чаҳоруми шиа дар бораи эътиқодоти Хумайнӣ

 

2) Ақоиди Хумайнӣ.

а) Дар робита бо Қуръон

б) Эътиқоди Хумайнӣ дар бораи суннати Паёмбар

в) Имомат назди Хумайнӣ

г) Ғулуви Хумайнӣ дар бораи ҷонишинӣ аз имом

д) Мункири имомат назди Хумайнӣ

е) Эътиқоди Хумайнӣ дар бораи саҳоба

ё) Қозиёти мусалмонон аз назари Хумайнӣ

ж) Назари Хумайнӣ дар бораи афсонаи ғайбат ё маҳдавият

 

3)Арзёбии ҳукуматиХумайнӣ азтариқи қонуни асосии он.

Давлати Хумайнӣ ва тақриб (байни шиъа ва суннӣ)

 

Муқаддима

 

Имрӯз, ба далели ошкоро фаъолият кардану гӯстариш ёфтани  ақоиди шуми шиъа, тавассути кутубу сомонаҳои интернетӣ ва ройзании фарҳангии охундии Эрон дар сарзамини азизи мо ва чоплусию ситоишҳои ғайри воқеии баъзе сиёсатмадорону сиёсатшиносони ноогаҳ ва воизини фиребхӯрдаи андешаи «тақриб байни аҳли суннат ва шиа» нисбат ба пешвоёни гӯмроҳи онон, инчунин хомӯш истодану буздилии афроди огаҳ, бархе ҷавонон доир ба масоили ихтилофииаҳли суннат ва «шиа» (Чи хуб аст, ки шииёни имрӯзро бо исми воқеияшон яъне рофизӣ, ки  имрӯз дар садади раҳоӣ аз ин мусаммоянд, ном бибарем) ва дар бораи шахсияти Хумайнӣ, ба донишмандону сиёсатшиносон ва «муллоҳо»-и кишвар суолоте медиҳанд. Аммо ҳазорҳо бор мутаассифона, аксари суолот ба шахсоне дода мешавад, ки аслан салоҳияти дар ин мавзӯъ посух доданро надоранд; чун дар ин замина, ноогаҳу бемутолиа ё каммутолиа ва афкори романтикона доранд. Ҳатто метавон гуфт, ки баъзеашон аз рӯи тарс ва хиёнат ба илм, ҳақиқатро мепӯшонанд. Ҳақиқате, ки саҳобаи Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, Убода ибни Сомит, разияллоҳу анҳу, ривоят мекунад, ки мо бо Паёмбар паймон бастем ба «… ва ин ки ҳақро бигӯем дар ҳар ҷое ки бошем ва дар роҳи Худо аз сарзаниши маломатгаре натарсем». (ба ривояти Бухорӣ ва Муслим, Худованд аз ҳардуи эшон хушнуд бод).

Ҷои басе таассуф аст, ки ин рофизиёни ифротӣ бо инҳама ботилияшон сайтҳо кушода ба воситаи онҳо ҷавонони ноогаҳи моро ба роҳи шайтонии худ даъват менамоянд, мо ки худро пайрави суннат медонем ҳозир нестем, ки қалам гирифта аз Қуръону Паёмбар ва ҳақиқат дифоъ намоем. Имрӯз ситорагони ин уммат, асҳоби Паёмбарро зери тӯҳмати худ қарор дода дар Суғду Душанбе ошкоро ба онҳо носазо мегӯянд, салафию халафии мо бошанд дар масъалаи сари луч намоз хондан ё нахондан ё … баҳс менамоянду дар радди якдигар китобҳо тарҷума мекунанд. Замоне мебинем, ки касе Мавлавию Ҳофизро танқид кунанд, хуни баъзе домуллоҳо баҷӯш омада, чеҳраи худро дар матбуот намоён месозанду садоҳои худро аз минбарҳо баланд. Агар он муҳаббате, ки ба як шоири суфимашраби бидъатӣ доранд, ба Ислому илм медоштанд, дар ин гуна масоил ҳам ҳеҷгоҳ хомӯш намеистоданд.

Вақто баъзе шиносон дар мавзӯи «шиъаён» ва таъриху ақоиди онҳо ва инчунин дар бораи Хумайнӣ аз банда, ки як толибилми ҳақиқатҷуйе беш нестам, суол мекунанд, дарҷавоб ҳамон чизеро мегӯям, ки муҳаққиқони бузурги пешину муосир, дар бораи онҳо посух додаанд. Аммо баъзеи онҳо (суолкунандагони мағруршуда ба мазҳаби шиъа), ба ҷои аз мо далелу мадрак дархост кардан, мегӯянд: Магар фалонию фалонӣқадри ту дониш надоранд, ки онҳо дар фалон ҳафтаномаву сомона ва ё фалон ҷамъомад чунину чунон гуфтанд, ту бошӣ баракси онон мегӯӣ. Онҳо мегӯянд, ки Хумайнӣ муҷаддиду фалону фалон буд, ту боши мегӯи, ки вай як…

Онҳо мегӯянд ихтилофи мо бо онҳо ҷузъист, ту бошӣ мегӯи, ки мо дар куллиёт ва тавҳид низ, ки ибтидои дохил шудан дар Ислом аст, бо онҳо ихтилофоти бузурге дорем. Онҳо мегӯянд сайти «Кимиёи саодат» беҳтарин сайти исломист, ту мегӯӣ он як сайти ифротии рофизист, ки бо макри хело бузург ва равоншиносии аъло ҷавонони моро ба роҳи залолату ақоиди фосид даъват мекунад.

Онҳо Ҳасан Насруллоҳ, сардори «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнонро таърифу тамҷид мекунанд, ту бошӣ онро яке аз ғулоти равофиз муаррифӣ мекунӣ

Ин хело дардовар аст, ки мо ҳақиқатро мехоҳем бо ашхос бишносем, на ашхосро бо ҳақиқат.

 Ба сабаби ҳамин ҳақиқат ношиносиҳоямон, имрӯз наметавонем ташхис диҳем, ки кӣ соҳиби ҳақ аст, наметавонем торнамоҳои аҳли суннатро аз аҳли залолат фарқ кунем ва наметавонем…

            Ҳазрати Алӣ, карамаллоҳу ваҷҳаҳ, чӣ зебо гуфтаанд, ки: «Ҳақро бо меъёри афрод наметавон шинохт, балки бояд ҳақро шинохт то аҳли онро низ бишносем». Ё ба қавли Имом Ғазолӣ, раҳимаҳуллоҳ«Ҳар касе ҳақро бо меъёри мардон бишносад дар биёбонҳои гӯмроҳӣ дучори ҳайрату саргардонӣ гаштааст».

Бинобар ин ман аз фалону фалонӣ хоҳиш мекунам, ки арзишҳои «сиёсӣ» ва ҳизбии худро бар арзишҳои исломӣмуқаддам нагузоранд, вагарна дар рӯзи растохез алайҳашон даъво хоҳам кард.

Яке аз бародаронам мегӯяд: «Рӯзе тавассути интернет бо як рофизии хуҷандӣ, ки ба асҳоби Паёмбар… носазо мегуфт, муноқашаи тунде намудам, он разил бошад гуфт: «ҳоло, ки вақт доред аз Абӯбакру Умаратон дифоъ кунед, баъди чор-панҷ сол мебинем, ки чӣ тавр сухан мегӯед».

Ин чӣ маъно дорад чун офтоб ошкор аст.

Аз домуллоҳои азиз хоҳиш менамоям, ки аз маросимҳои зиёди бидъатӣ рафтану аз шеър аз баркардани зиёд дида, ба суханони бе асосу шубҳаандози Сайидюнуси Истаравшании файласуфи гӯмроҳи рофизии маккор, посух диҳанд. Ба тариқи китобӣ дар радди сиға (никоҳи муваққат) китобе таълиф ё тарҷумаву таҳия кунанд. Зеро ба воситаи фиреби ин «никоҳ»-и ҳаром имрӯз садҳо тан аз ҷавонони моро ба сӯйи фаҳшо кашонида истодаанд. Агар ҳамин тариқ давом ёбад, табиист, ки бемории СПИД ҷомеаи моро ба коми худ фурӯ мекашад, ҳамчуноне, ки имрӯз Эрони охундӣ ё ба истилоҳ исломиро ба коми худ кашидааст. Ва ба сабаби густариш ёфтани ақоиди ширкии онҳо, ҷанги мазҳабие дар кишвари нав оромгаштаи мо рух хоҳад дод, ки мутафаккирин мегӯянд: «Ҳеҷ ҷанге аз ҷанги мазҳабӣ дида хатаровар нест».

Имрӯз баъзе сиёсатмадорону сиёсатшиносоне, ки худро алломаи даврон метарошанду дар ин масъала намедонам, ки ноогаҳ ҳастанд ё худро ба нодонӣ мезананд, нисбат ба шахсияти Хумайнӣ чизҳое мегӯянд, ки бо гуфтаҳои муҳаққиқини ростин дар таъоруз аст ва аз ӯ симурғу анқо метарошанд, ки ин тарзи рафтори онҳо муҷиби гумроҳгаштани садҳо тан аз ҷавононе, ки ҳақиқатро бо ашхосу бо аҳзоб мешиносанд, гаштаанд.

Бинобар ин барои шиносонидани чеҳраи Хумайнии рофизӣ ба бародарони худ, аз китоби доктор НОСИР АЛҚАФФОРӢ ки ба унвони «Масъалаи тақриб байни аҳли суннат ва шиа» тавассути мутарҷим ва адиби машҳур устод Исҳоқ ибни Абдуллоҳ Алъивазӣ (ё Дабирӣ), раҳимаҳуллоҳ, ба форсӣ тарҷума шуда, дар сомонаиwww.islamtape.comваwww.aqeedeh.comмавҷуд аст, мақолаеро таҳия намуда, барои наафзудани ҳаҷмаш аз овардани  номгӯи баъзе манбаҳо ва шарҳҳо иҷтииноб кардам.

Бо истифода аз ин фурсат аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки фиребҳои Муллоҷонов Сайфулло, муаллими кафедраи таърих, яке аз мубаллиғони фаъоли ақоиди рафз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар Душанбе ва баъзе муаллимони дигари факултети филологияро нахӯранд. Ва ба донишҷуёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон огаҳ карданиям, ки дар миёни устозони  шумо «нӯҳангӯшта, мушбачаҳо ва маликаҳои худаш»-ро дохил кардааст, лизо хело бо ҳуш бошед, то фиреби  ҷавфурӯшони гандумнаморо нахӯред. Ва ҳамчунин ба алоқамандони китобҳои мазҳабӣ гуфтаниям, ки дар дӯконҳои фуруши китобҳои исломӣ, рофизиён китобҳои заҳрогини худро дохил кардаанд, бинобар ин агар китобшинос набошед хело бо эҳтиёт китоб интихоб намоед.

Ба бародароне, ки бо забони арабӣ ошноӣ доранд, хондани китобҳои зеринро, ки вобаста ба ҳамин мавзӯянд, тавсия медиҳам:

Маза таърифу ан ҳизбиллоҳ. Алӣ Ас-содиқ.

Мавқифул-Хумайнӣ мин аҳлис-сунна. Муҳаммад Молуллоҳ.

Нақду вилоятил-фақиҳ. Муҳаммад Молуллоҳ.

Алхумайнӣ вал-ваҷҳулохар. Зайд Алъис.

Алхумайнӣ ва рисатул-ҳаракотил-ҳоқида. Валид Алаъзамӣ.

Ва ҷоа даврулмаҷус. Абдуллоҳ Ал-ғариб.

Аҳволу аҳлиссуна фи Ирон. Абдуллоҳ Ал-ғариб.

Хиёнотушшиа ва асаруҳа фи ҳазаимил-умматил-исламия. Аммод Ҳусайн.

Ҳатта ло нанхадиъ. Абдуллоҳ Алмувассалӣ.

Ҳизбуллоҳ ва сақтулқиноъ. Аҳмад Фаҳмӣ.

  

Хумайнӣ, инқилоб ва андешаи ӯ нисбат ба тақриби «шиа» ва суннӣ

 

Пас аз пирӯзии инқилоби Эрон ба раҳбарии Хумайнӣ, бисёре аз ҷавонони аҳли суннат аз ҳама нуқоти ҷаҳон аз он истиқбол карданд ва умедҳои зиёде ба он баста, андешаҳои тақриб бори дигар бо тамоми нерӯ ба саҳна омад, чаро ки бисёре аз касоне, ки аҳли суннат хонда мешуданд, инқилоби Хумайниро таъйид карданд ва ҷунбиши шиӣ ба раҳбарии Хумайниро, ҷунбиши исломӣ хонданд, ки аз доираи (ғулув)  зиёдаравию ифроти ҳамешагии ташайюъ ва тангназарии фирқагароёна берун омада, шиори Исломро матраҳ мекунад ва режимро «ҷумҳурии исломӣ» эълом мекунад ва дарқонуни асосии худ бар ҳокимияти китоби Худо ва суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) таъкид мекунад. Шиори ҳамешагии «дар миёни мо ва шииён ихтилофе ҷуз дар фуруъ нест», бори дигар ба саҳна омад ва ин ҷою онҷо такрор шуд.

Инчунин рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои исломии зиёде,ҳамчун: «Аддоир», «Аддаъва», «Алмаърифа», «Аррисола», «Аламон», «Албалоғ» ва «Алиътисом» аз ташайюъ ба сурати умум ва аз Хумайнӣ ва инқилобу давлаташ ба сурати хос, таърифу тамҷид карданд. Ва китобҳои зиёде аз сӯи касоне, ки аҳли суннат хонда мешуданд дар таъйиди инқилоб ба истилоҳ исломии Хумайнӣ навишта чоп шуд.

Номи Хумайнӣ бо шахсиятҳои барҷстаи исломӣ, ҳамчун Шайхулислом Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб якҷо зикр гардид ва ӯро аз парчамдорону пешгомони исломӣ хонданд, хушбиниҳо афзойиш ёфт ва гуфта шуд, ки шииёни имрӯз ғайр аз шииёни дирӯз ҳастанд ва ба мурури замон ва дар асари тағйири авзоъ ва шароити замона ва ба таваҷҷӯҳ ба хатарҳое, ки аз ҳар сӯи уммати исломиро иҳота кардааст ғулув ва ифроташонро канор гӯзоштаанд ва ғайра.

Рофизиён низ аз ин шароит, чиҳати таблиғот барои мазҳабашон ва содир кардани он ба ҷаҳони Ислом ниҳоят истифода бурданд ва миллатҳоро алайҳи ҳукуматҳои мавҷуд шӯрониданд. Бинобар ин зарурӣ буд, ки мо аз тариқи баррасии андеша ва ақидаи  Хумайнӣ аз тариқи китобҳои худи вай, ки ба дасти мо расидааст, мизони сиҳҳату сақми иддаоҳои фавқро бидонем.

Ба ҳамин чиҳат нахуст бо баёни андешаҳо ва эътиқодоти Хумайнӣ равшан хоҳем кард, ки оё вай аз ғулот аст ё аз миёнаравҳо. Ва сипас ба баёни доварии шииёни гӯзашта дар робита бо Хумайнӣ хоҳем пардохт, ки бар ҳасби меъёрҳои хосси онҳо дар санҷиши ғулув ва эътидоли Хумайнӣ дар чӣ нуқтае ҷой мегирад ва пас аз он дидгоҳҳои Хумайниро дар робита бо ақоиди равофиз баён хоҳем кард ва равшан хоҳем кард, ки оё Хумайнӣ эътиқодоту боварҳои гӯзаштаи куфромези рофизиёнро бархе аз онҳоро рад мекунад ё онҳоро мепазираду аз онҳо табаийят мекунад. Ончӣ моро ба ин баррасӣ вомедорад он аст, ки:

 

Аввалан: бо вуҷуди аз байнравии инқилоби Хумайнӣ ҳанӯзҳам бисёре аз касоне, ки суннӣ хонда мешаванд, ба вижа дар Аврупо (мо мегӯем ба хусус дар Тоҷикистон) шефтаву дилдодаи инқилоби вай ҳастанд.

 

Сониян: баъзеҳо фикр мекунанд, ки инқилоби Хумайнӣ беҳтарин намунаи ҳукумати исломист. Ва хатари нуҳуфта дар ин бовар он аст, ки ҳар бадие, ки ин инқилоб муртакиби он шавад ба номи Ислом тамом хохад шуд ва ин як илҳод ва эҷоди монеъ дар баробари дини Худост. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Шайхулислом Ибни Таймия мефармояд: «яке аз авомили зуҳури  мулҳидон дар миёни мусалмонон он аст, ки онҳо гумон мекарданд Ислом ҳамон аст, ки бидъатгузорон мегӯянд ва аз лиҳози ақлӣ онро нодуруст медиданд. Пас ҳамонанди хурамия (пайравони Бобак Хуррамӣ) ва қарматияи Баҳрайн, пайравони Абӯсаиди Ҷиноӣ ва ғ. бо дасту забон кулли Исломро мавриди ҳамла қарор доданд».

 

Солисан: таъриф ва тамҷиде, ки дар рӯзномаҳо, маҷаллот ва китобҳо аз бархе афъоли Хумайнӣ шудааст, таърих онро ба наслҳои баъдӣ мунтақил мекунад ва ин чиз боиси фиреби онҳо мешавад ва сукут аз баёни ҳақиқати инҳо, фиребро афзойиш хоҳад дод, чаро ки сукут ба ризоият ва мувофиқат таъбир хоҳад шуд.

Касе ба Имом Аҳмад ибни Ҳанбал, раҳимаҳуллоҳ, гуфт: «бар ман гарон аст, ки бигӯям фалонӣ чунин аст ва фалонӣ чунон аст». Имом Аҳмад ба ӯ гуфт: «агар ман сукут кунам ва ту ҳам сукут кунӣ, ноогоҳ саҳеҳро аз сақим чӣ гуна боз хоҳад шинохт».

Ибни Таймия, раҳимаҳуллоҳ, мефармояд: «баёни ҳақиқати ҳоли пешвоёни бидъат, ки боварҳои мухолиф бо Қуръон ва суннат доранд, ва бим додани уммат аз гирифтор шудан дар доми онҳо ба иттифоқи мусалмонон воҷиб аст».

Ба Аҳмад ибни Ҳанбал гуфтанд: «касе намоз мехонад, рӯза мегирад ва ба эътикоф менишинад ва касе дигар дар бораи (баёни ҳол ва радди) аҳли бидъат сухан мегӯяд. Аз ин ду нафар назди шумо кадом беҳтар аст?» Эшон фармуданд: «касе, ки намоз мехонад, рӯза мегирад ва эътикоф менишинад суди корҳои вай танҳо ба худаш мерасад, аммо касе, ки ба баёни ҳол ва моҳияти аҳли бидъат мепардозад суди кораш ба ҳамаи мусалмонон мерасад ва ин афзалтар аст».

Пас маълум шуд, ки коре, ки суди диниаш ба умуми мусалмонон бирасад навъе ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ маҳсуб мешавад, чаро ки пок кардани дин ва оини Худо ва шариати Ӯ аз олудагиҳо ва дафъи фасоду таҷовузҳои аҳли бидъат, ба иттифоқи мусалмонон як воҷиби кифоист. Ва агар касоне набошанд, ки ба изну фармони Худо зиёну зарари ин гуна афродро дафъ кунанд фасод дини Худоро фаро хоҳад гирифт ва ин фасод аз фасоди ғалабаи душманони Ислом бар қаламрави исломӣ хатарноктар аст, чаро ки ғалаба ва истилои онҳо, дину ақидаро ба фасод намекашонад, магар истилои афкор ва андешаҳои аҳли бидъат, ки дар оғоз дину ақидаро ба фасод мекашонад».

Инак мо «масъалаи Хумайнӣ»-ро аз се буъд мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳем дод:

4) Ҳуввияти мазҳабии Хумайнӣ.

5) Ақоиди Хумайнӣ.

6) Арзёбии ҳукумати Хумайнӣ аз тариқи қонуни асосии он.

 

***

 

1). Ҳуввияти мазҳабии Хумайнӣ.

 

а) Аз назари аҳли суннат Хумайнӣ ба кадом фирқа аз шиаҳо тааллуқ дорад?

Барои расидан ба посухи ин савол, мо бархе аз андешаҳои Хумайниро арза хоҳем дошт, ки дар партави он метавон таъйин кард, ки Хумайнӣ дар кадом зинаи ташайюъ қарор дорад.

Хумайнӣ мегӯяд: «яке аз заруриёт ва мусалламоти мазҳаб, он аст, ки имомони мо ҷойгоҳе доранд, ки на фариштаи муқаррабе ба онҳо мерасад ва на паёмбари мурсале… ва аз аимма ривоят шудааст, ки: «Мо бо Худованд ҳолот ва иртиботе дорем, ки на дар тавони фариштаи муқаррабест ва на дар тавони паёмбари мурсале». (Хумайнӣ. Ал-ҳукумату-л-исламияту.-с.52)

Пас дар инҷо Хумайнӣ аиммаи дувоздаҳгонаро аз анбиё ва русул афзалтар донистааст ва аз назари имомони аҳли суннат ин айни ақидаи ғулоти равофиз аст.

Имом Абдулқоҳири Бағдодӣ (вафот 429ҳ.) мегӯяд: «Ғулоти равофиз иддао мекунанд, ки аимма аз анбиё афзалтар ҳастанд». (Усулуддин.-с.297)

Қозӣ Иёз (вафот 544ҳ.) мегӯяд: «Мо ғулоти равофизро, ки мегӯянд аимма аз паёмбарон афзалтар ҳастанд, қатъан кофир медонем». Ашшифо.2\190)

Шайхулислом Ибни Таймия (в.728ҳ.) мегӯяд: «Равофиз имомонро аз собиқини аввалин, аз муҳоҷирину ансор афзалтар медонанд ва аммо ғулоти онҳо мегӯянд, ки аимма ҳатто аз паёмбарон ҳам афзалтаранд». (Минҳоҷус-сунат.1\177.чопи амирия)

Шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мегӯяд: «Ҳар касе, ки ғайри паёмбаронро афзалтар аз паёмбарон ва ё баробар бо онҳо бидонад муртакиби куфр шудааст ва бисёре аз уламо бар ин амр иҷмоъ кардаанд». (Арраду алар-рофиза.-с.29)

Пас ақидаи Хумайнӣ дар бораи аиммаи ташайюъ ҳамон мазҳаби ғулоти равофиз аст ва ақидаест, ки соҳибаш кофир мешавад.

Хумайнӣ натанҳо аиммаро бартар аз паёмбарон донистааст, балки гуфтааст: «имом аз мақоми маҳмуд ва хилофати таквиние бархӯрдор аст, ки ҳаммаи зоти олам дар баробари вилоят ва сайтараи он сари таслим хам мекунанд». (Ал-ҳукуматул-исломия.-с.52)

Тардиде нест, ки ҳамаи зот дар олам ҷуз дар баробари Худои ягонаи Ҷаббор сари таслим хам намекунанд.

Худованд мефармояд: «Ва он чӣ дар осмонҳо ва замин аст тасбеҳи Ӯ мегӯянд. Ва Ӯ азизу ҳаким аст» (Ал-ҳашр:24)

Оё наметавон гуфт, ки ақидаи илоҳ донистани аимма дар китобҳои Хумайнӣ мавҷуд аст?!

 

 

б) Доварии уламои бузурги қарни чаҳоруми шиа дар бораи эътиқодоти Хумайнӣ

 

Хумайнӣ муътақид аст, ки имомони шиа аз саҳву ғалат поканд ва ҳатто гуфтааст: «Дар бораи аимма ҳатто тасаввуру гумони саҳв ва ё ғафлат намеравад». (Ал-ҳукуматул-исломия. с.91)

Пас ӯ ҳатто гумони саҳву ғафлатро аз аимма инкор мекунад ва ин расондани онҳо ба мақоми улуҳият ва ҳамрадиф қарор додани онҳо бо касест, ки на хоб меравад ва на хоболудагӣ бар вай ғалаба пайдо мекунад.

Чунин ғулуве дар гузашта низ дар миёни ташайюъ зуҳур карда буд. Ва бархе аз уламои қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ дар баробари он истода, онро рад карда буданд ва онро нишонаи ғулув ва ғулот дониста буданд.

Абӯҷаъфари  Қумӣ (в.381ҳ.) дар китоби худ «Ман ло яҳзуруҳул-фақеҳ», ки яке аз усули чаҳоргонаи муътабари ташайюъ аст, мегӯяд: «Ғулот ва мафуза, ки лаънати Худо бар онон бод, саҳви Паёмбарро инкор мекунанд ва мегӯянд: «Агар саҳви Паёмбар дар намоз мумкин бошад, саҳви эшон дар таблиғи дин низ мумкин аст. Чаро ки намоз низ ҳамонанди таблиғи дин як фариза аст». Бояд гуфт, ки саҳви Паёмбар монанди саҳви мо нест, чаро ки саҳви ӯ низ аз сӯи Худост. Ин Худост, ки вайро дучори саҳв карда аст то ҳама бидонанд, ки ӯ башару махлуқ аст ва ба ҷои Худо, рабб ва маъбуд қарор дода нашавад ва аз сӯи дигар, мардум дар асари саҳви ӯ ҳукми саҳвро дар намоз бидонанд». (Ман ло яҳзуруҳул-фақеҳ.1\234)

Ин ҳукми Абӯҷаъфар Ибни Бобуяи Қумӣ дар бораи касест, ки саҳви Паёмбарро инкор мекунад. Пас ҳукми ӯ дар бораи касе, ки ҳатто тасаввури саҳвро аз аимма рад мекунад, чӣ метавонад бошад?!

Ҳамчунин устоди Абӯҷаъфари Қумӣ, Муҳаммад ибниҲасан ибни Валид мегӯяд: «Ҳасан ибни Валид мегӯяд: «Нахустин дараҷаи ғулув инкори саҳв аз Паёмбар ва имом аст». (Ман ло яҳзуруҳул-фақеҳ. Ва «Шарҳу ақоидис-суддуқ.-с.260-261)

Пас доварии Абӯҷаъфари Қумӣ ва устодаш дар бораи мазҳаби Хумайнӣ маълум шуд ва он ин ки, мазҳаби вай ҳамон мазҳаби ғулот ва мафуза аст ва ғулот ва мафуза аз назари Ибни Абӯҷаъфари Қумӣ шоистаи лаънанд ва хориҷ аз доираи Ислом қарор мегиранд, чаро ки вай дар китобаш «Алиътиқод» мегӯяд: «Эътиқоди мо дар бораи ғулот ва мафуза он аст, ки онҳо ба Худо куфр варзидаанд ва аз яҳуду насоро ва маҷус ҳам бадтаранд». (Ас-силлату байнат-тасаввуф ват-ташайюъ.-с.146)

 

 

2. АҚОИДИ ХУМАЙНӢ

 

а) Дар робита бо Қуръон

 

Ончӣ мо аз китобҳо ва навиштаҳои он шахс хондаем метавон гуфт, ки вай дину мазҳабашро аз ҳамон усуле ахз мекунад, ки дар баргирандаи  ривоятҳое ҳастанд, ки Китобуллоҳро зери суол бурдаанд, ҳамчун китоби «Ал-кофӣ»-и Кулайнӣ ва «Ал-иҳтиҷоҷ»-и Табрисӣ ва ғ. (нигар ба «Ал-ҳукуматул-исломия», саҳифаҳои 62, 63, 94, 77) Ва ӯ ин гуна китобҳоро таъзиму тақдис мекунад ва барои касоне, ки муътақид ба таҳрифи Қуръон ва хурофотҳои душманонаву кинатӯзона будаанд, дуои мағфирату раҳмат мекунад ва дар ҳақашон мегӯяд: раҳмати Худованд бар онон бод, Худованд аз онон хушнуд бодо!

Вай (Хуманӣ) аҳодис ва ривоятҳояшро аз ҳамин китобҳо мегирад (яъне аз кутубе мегирад, ки мегӯянд «Қуръон таҳриф шудааст»). Ба таври мисол пас аз тахриҷи як ривоят мегӯяд: «ин ҳадисро марҳум Нурӣ дар китоби «Мустадракул-васоил» ривоят кардааст». (ниг. Ал-ҳукумутул..)

Ин Нурие ки Хумайнӣ аз ӯ ҳадис ривоят мекунад ва ӯро марҳум мехонад, ҳамон Ҳусайн Нурии Табрисии маҷусӣ, нависандаи китоби «Фаслулхитоб фи исботи таҳрифи китоби раббил-арбоб», ки китобашро алайҳи китоби Худованд ва ба хотири мубориза бо дини Худо нигоштааст.

Ҳамчунин мебинем, ки Хумайнӣ китоберо мавриди эътимод қарор медиҳад, ки дарбаргирандаи нафрин алайҳи давлати қурайш, ки манзурашон давлати Абӯбакру Умар мебошад, ва дар бораи шайхайн омадааст: «ҳамон ду нафаре, ки китобатро таҳриф карданд».

Илова бар ин Хумайнӣ бархе аз оёти Каломуллоҳро таъвилу тафсири ботинӣ мекунад. Ба таври мисол ояти: إِنَّ اللّهَ يَأْمُرُكُمْ أَن تُؤدُّواْ الأَمَانَاتِ إِلَى أَهْلِهَا (Нисо:58)-ро чунин тафсир мекунад, ки: мурод аз амонот имомат аст ва мурод аз аҳли он Алӣва имомони пас аз вай ҳастанд ва дар ин оят Худованд ба Паёмбар фармон додааст, ки имоматро ба Алӣ биспорад.(Ал-ҳукуматул-исломия.-с.81)

 

б) Эътиқоди Хумайнӣ дар бораи суннати Паёмбар

 

Ман (Носир Алқаффорӣ) мулоҳиза кардам, ки Хумайнӣ аҳодисро аз китобҳои зайл ахз мекунад:

1-Аз китобҳои исмоилиён ҳамчун китоби «Даъоимул-ислом», ин китоб бидуни тардид аз китобҳои исмоилиён аст.

2-Аз китобҳое, ки Қуръонро зери суол бурдаанд ва низ аз касоне, ки ин ақидаро доранд.

 3-Дар айни ҳол саҳобаи Паёмбарро зери суол мебурд ва марвиёти онҳоро рад мекард ва бархе аз онҳоро дуруғгӯ мехонд. Ба таври мисол мегӯяд: «бархе аз ровиён аҳодисеро ба Паёмбар нисбат медиҳанд, ки эшон нафармудаанд. Масалан Самура ибни Ҷундуб ривоятҳое ҷаъл мекунад, ки ба каромату эҳтироми амиралмуъминин латма (зарба, зарар) ворид мекунад». (Алҳукумат… с.60) ва дар айни ҳол дар гуфтаҳои аимма зиёдаравӣ карда мегӯяд: «омӯзаҳои аимма мисли омӯзаҳои Қуръон аст». (Ал-ҳукуматул…113).

Ҳамчунин дар китобҳои Хумайнӣ ҳеҷ гуна муроҷиае ба маҷмӯаҳои ҳадисии саҳеҳ дида намешавад ва ин бидуни тардид ба мавзеъгирии вай нисбат ба саҳоба бармегардад.

4-Аз ҳикоёти риқоъ ва ё он чӣ тавқеот хонда мешавад.(Тавқеот бино ба иддаои онҳо иборат аст аз посухҳои аимма ба суолҳо ва номаҳои мардум ба воситаи ноиби имом. Ин посухҳо ва ба истилоҳ тавқеот назди рофизиён ё ба гуфти худашон «шииён», монанди суханони Худо ва паёмбаранд ва ҳатто ба номи таоруз тавқеотро аз аҳодисе, ки бино ба меъёри худашон ба санади саҳеҳ ривоят шудаанд, тарҷеҳ медиҳанд).

Вай аксаран дар китоби «Вилояти фақеҳ» барои исботи дидгоҳаш аз ҳамин гуна афсонаҳо истидлол кардааст. Ба таври мисол мегӯяд: «Ривояти дуввум тавқеест, ки аз имоми дувоздаҳум содир шудааст. Аз Муҳаммад ибни Исом аз Муҳаммад ибни Яъқуб аз Исҳоқ ибни Яъқуб (ҳамаи ин ашхос яҳудӣ асланд) ривоят шудааст, ки аз Муҳаммад ибни Усмон (дуввумин сафире, ки исноашария вайро ба расмият мешиносанд ва иддаои иртибот бо имоми ғойибро дошт) хостам, ки номаеро, ки ҳовии пурсише аз масоилест, ки дар онҳо ишкол дорам аз тарафи ман ба имоми замон бирасонад ва дар посух тавқеъ ба хати имоми замон омад, ки имом масоиле, ки дар бораи онҳо пурсида буд…». (Ал-ҳукуматул-исломия. с.76-77)

 

в) Имомат назди Хумайнӣ

 

Хумайнӣ иддао мекунад, ки Худованди муттаол ба Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз тариқи ваҳй дастур дод, ки Алиро ба унвони халифа ва ҷонишини худ таъйин кунад. Вай мегӯяд: «Худованди муттаол ба Паёмбар (с) аз тариқи ваҳй дастур дод то он чиро ба сӯи ӯ дар бораи касе, ки бояд вайро ба унвони ҷонишини худ миёни мардум таъйин кунад, ба мардум бирасонад ва Паёмбар низ аз ин дастури Худо итоат карда амиралмуъминин Алиро ба унвони ҷонишини худ  таъйин кард». (Алҳукумат…-с.42)

Хумайнӣ ин матлабро борҳо ва борҳо такрор кардааст.

Вай бар ин ақида аст, ки таъйин кардани Алӣ ба унвони имом, рӯҳ ва ҷавҳари рисолати Паёмбар аст. Вай дар ин замина мегӯяд: «агар Паёмбар халифаи пас аз худро таъйин намекард, ин ба маънои адами иблоғи рисолат буд». (Ал-ҳукумат..с.25,39)

Вай гӯё талвеҳан (ба таври ишора) касонеро, ки мегӯянд Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касеро ба унвони ҷонишини худ муааррифӣ накардааст, (ки ҷумҳури аҳли суннат бар ҳамин ақидаанд), ё муътақиданд, ки ҳазрати Алиро ба унвони халифа ва имом таъйин накардааст, муттаҳам ба ин мекунад, ки бо ин эътиқодашон Паёмбарро муттаҳам ба хиёнат ва адами таблиғи рисолат мекунанд.

Хумайнӣ муътақид аст, ки аимма рисолати Паёмбарро такмил мекунанд ва мегӯяд: «Таъйини касе ба унвони халифаи пас аз худ аз сӯи Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сифати вогузории масъулият ва ба поён расондани маъмурият ва рисолати худ ба ӯст». (Ал-ҳукумат… с.19)

Ва ин чизҳо аз касе, ки муътақид аст аимма аз Паёмбарон бартаранд, чандон баъид ҳам нест.

Хумайнӣ имон ба «аиммаи дувоздаҳгона»-ро монанди имон ба «шаҳодатайн» медонад, ки онҳоро бояд ба касе, ки дар ҳоли марг аст, талқин кард. Вай мегӯяд: «Мустаҳаб аст, ки шаҳодатайн ва иқрор ба аиммаи дувоздаҳгона ба вай талқин шавад». (Хумайнӣ. Таҳрирул-васила. 1\65)

Ва мегӯяд: «Беҳтар аст бар ҳавошии кафан ва ҳарду ҷарида навишта шавад, ки фалон ибни фалон гувоҳӣ медиҳад, ки ғайр аз Худо (Аллоҳ) илоҳи дигаре нест, Ӯ ҳеҷ шарике надорад ва Муҳаммад паёмбари Худост ва Алӣ, Ҳасан, Ҳусайн ва бақия имомонро зикр мекунад, аимма ва раҳбарону пешвоёни ӯ ҳастанд». (Таҳрирул-васила.1\75,76) «пас аз дафн низ ҳар се шаҳодатро ба вай талқин кунанд».(Таҳрирул-васила. 1\92)

Ҳамчунин вай дар бораи қубури аимма низ ғулув мекунад. Ба таври мисол дар бораи мавзеи саҷдаи намозгузор мегӯяд: «Беҳтар аз ҳама турбати Ҳусайн аст, ки аз ҳиҷобҳои ҳафтгона убур мекунад ва ҳар ҳафт заминро равшан мекунад». (Таҳрир..1\149)

Ва мегӯяд: «Намоз гузоридан дар зиёратгоҳҳои аимма мустаҳаб аст». (Таҳрир.. 1\152)

Вай мегӯяд: «Пушти сари қабрҳои аимма, самти рости онҳо ва самти чапи онҳо намоз хондан ишколе надорад, аммо беҳтар он аст, ки дар канори сар ба гунае намоз хонда шавад, ки бо сари имом баробар нашавад». (Таҳрир…1\165)

 

г) Ғулуви Хумайнӣ дар бораи ҷонишинӣ аз имом

 

Хумайнӣ дар китоби «Ал-ҳукуматул-исломия» ё ҳамон «Вилояти фақеҳ» бар ин ғулув таъкид карда мегӯяд, муҷтаҳид ва фақеҳи шиа ҳақи ҷонишинии комил аз имоми замонро, ки аз назари вай (Хумайнӣ) аз Паёмбар ва расулон афзалтар аст, дорад. Бисёре аз шииён бо ин дидгоҳи вай чунонки баён кардем мухолифат карданд.

Хумайнӣ бо назарияи вилояти мутлақи фақеҳ даҳҳо «оятуллоҳ» ва «муҷтаҳид»-ро ба саҳна меоварад. Вай мегӯяд: «аксари фуқаҳои мо дар асри ҳозир дорои шароит ва вижагиҳои лозим барои ниёбат (ҷонишинӣ) аз имоми маъсум ҳастанд». (Ал-ҳукуматул-исломия. с.113)

Пас инак мо на бо як Маҳдӣ балки бо даҳҳо Маҳдӣ сару кор дорем.

Ба эътиқоди вай итоат аз ин ноибони имом фарз аст. Вай мегӯяд: «Онҳо ҳуҷҷати Худо бар мардум ҳастанд, ҳамон гуна, ки Паёмбар ҳуҷҷати Худо бар мардум буд ва ҳар касе аз онҳо итоат накунад Худо ӯро муохаза ва муҳосиба мекунад». (Ал-ҳукумату…с.80) 

 

д) Мункири имомат назди Хумайнӣ

Яке аз  шуюхи муосири  онҳо мегӯяд, ки мункири имомат назди онҳо носибӣ (душмани аҳли байт) ба ҳисоб меояд. (Муҳаммад Осифи Мӯҳсинӣ. Сиротулҳақ.3\201)

Ва бархе ривоятҳои онҳо, ки дар китобҳои муътабарашон низ омадааст, мегӯянд, ки ҳар касе Абӯбакру Умарро аз Алӣ пештар бидонад носибист ва бисёре аз шайхҳояшон низ ин матлабро мавриди таъкид қарор додаанд. (Ниг. Ҳошим Бӯҳронӣ. Ғоятул-ҳаром.-с.351)

Носибӣ бо мафҳуми фавқ (хуб диққат бидиҳед!) мавриди лаъну нафрин ва такфири Хумайнӣ қарор мегирад. Хумайнӣ мегӯяд: «Ва аммо навосиб ва хавориҷ, ки Худо лаънаташон кунад, наҷасанд, бидуни чуну чаро зеро рисолати Исломро инкор мекунанд». (Таҳрирул-васила.1\118)

Ва мегӯяд: «Забеҳаи ҳамаи фирқаҳои исломӣ ғайр аз носибӣ (яъне ба андешаи онҳо мункирини имомат) ҳалол аст, гарчӣ иддаои Ислом кунад». (Таҳрирул.. 2\146)

Инчуни ӯ моли носибиро ҳалол медонад, ки шиӣ ҳарҷо онро ёфт метавонад аз худ кунад. Вай мегӯяд: «роҷеҳтар ва қавитар ин аст, ки носибӣ дар мубоҳ будани мол ва тааллуқ гирифтани хумс ба моли вай ба аҳли ҳарб мулҳақ шавад, балки зоҳир ин аст, ки тасоҳуби моли вай дар ҳар ҷо ва ба ҳар сурате, ки дида шуд ҷоиз аст ва танҳо бояд хумси онро пардохт». (ҳамон ҷо, 2\330)

Аммо бо вуҷуди ин, дар бораи фирқаҳои дигари «шиа» ҳамчун исмоилия, нусайрия ва ғ. мегӯяд: «Пайравони дигари шиа низ агар бо аимма душманӣ накунанд ва ба имомоне, ки ба онҳо эътиқод надоранд баду бероҳа нагӯянд, пок ҳастанд». (ҳамон. 1\119)

Ҳамин эътиқод аст, ки равобити ҳасанаи равофизи Эрон ва равофизи Сурия ва душмании муштараки онҳо бо Ислом ва мусалмононро тавҷеҳу тафсир мекунад.

Хумайнӣ дар айни ҳол, ки соири мусалмононро такфир мекунад, шииёни исноашариро муъмин ва хосса мехонад.

Вай мегӯяд: «Ва ҳар гоҳ як имоме барои муъминон вақфе анҷом дод ва ё бар шиа, бидонад, ки мурод аз он исноашария ҳастанд». (Таҳрирул-васила. 2\72).

Инчунин пайравони фирқаашро хосса ва пайравони соири фирқаҳоро омма мехонад. (ниг.Таҳрирул… 1\242)

 

 

е) Эътиқоди Хумайнӣ дар бораи саҳоба

 

«Шииён» бар ин эътиқоданд, ки пазириши вилояти имомони дувоздаҳгона мусталзими (тақозокунандаи) бароат (безорӣ) аз душманонашон, ки Абӯбакру Умар, разияллоҳу анҳумо, ва соири пайравони эшон то ба қиёмат ҳастанд, мебошад. (ниг. Албиҳор. 27\57,63)

Хумайнӣ низ эъломи бароату безорӣ аз ин беҳтарин ёрони Паёмбарро ҳатто дар намоз машрӯъ медонад. Вай мегӯяд намозгузор метавонад дар саҷдааш бигӯяд: «Ислом дини ман ва Муҳаммад набии ман аст ва Алию Ҳасан ва Ҳусайн, соири имомонро то охир бишуморад, имомони ман ҳастанд, ки онҳоро валии худ медонам ва аз душманони онҳо (рофизиён чунин мепиндоранд, ки гӯё асҳоби Паёмбар ва сунниҳо душманони аҳли байтанд)изҳори бароат мекунам». (Таҳрирул… 1\169)

Ҳамчунин асҳоби Паёмбарро ба хотири мухолифат бо насси иддаои марбут ба таъйин шудани Алӣ, разияллоҳу анҳу, ба унвони имом зери суол мебарад ва мегӯяд: «Дар ҳаҷҷатулвидоъ ва дар Ғадири Хум, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Алиро ба унвони ҳоким пас аз худ таъйин кард ва аз ҳамон замон мухолифат ба дили баъзе роҳ пайдо кард». (Алҳукумату…-с.131)

 

ё) Қозиёти мусалмонон аз назари Хумайнӣ

 

Аз назари Хумайнӣ муроҷиат ба қозиёну муфтиҳои аҳли суннат, муроҷиат ба тоғут (сарчашмаи ҳаргуна гӯмроҳӣ) аст ва дар ин бора аз Кулайнӣ (яке аз олимони машҳури рофизӣ) нақл мекунад, ки Кулайнӣ онро ба Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Содиқ (в.148ҳ.), раҳимаҳуллоҳ, (яъне касе, ки дар асрҳои тиллоии Ислом мезист) нисбат медиҳад. Ривоят чунин аст: «Умар ибни Ҳанзала мегӯяд, аз Абӯабдуллоҳ дар бораи ду нафар аз асҳоби мо (яъне «шииён») ки дар миёни онҳо дар робита бо дин ва ё ирсу мерос ихтилофе пеш омадааст ва онҳо барои ҳалли ихтилоф ба хукумату қуззот муроҷиа мекунанд суол кардам, оё ин кор ҷоиз аст? Эшон гуфтанд: «ҳар кас чӣ ба ҳақ ва чӣ ноҳақ барои доварӣ пеши онҳо муроҷиа кард гӯё барои доварӣ пеши тоғут муроҷиа кардааст ва агар онҳо ба нафъи ӯ ҳукм содир карданд ва чизе ба ӯ тааллуқ гирифт он чиз гарчӣ ҳаққи собит ва қатъии ӯ бошад боз ҳам барои ӯ ҳаром аст, чаро ки ба ҳукми тоғут ва ба ҳукми касе ки Худованд дастури куфр ба онро додааст, ба ӯ расидааст. Худованди муттаол мефармояд: «Вале мехоҳанд барои доварӣ назди тоғут ва ҳуккоми ботил бираванд?! Бо инки ба онҳо дастур дода шудааст, ки ба тоғут кофир шаванд». (Ан-нисо:60)

Ман гуфтам пас чӣ кор кунанд? Фармуд: «яке аз шииёнро, ки аҳодиси моро ривоят кардааст ва ҳалолу ҳарому аҳкоми моро медонад, пайдо кунанд ва ӯро ба унвони ҳакам бипазиранд, чаро ки ман  ӯро бар шумо ҳоким қарор додаам». (Ҳукумати исломӣ. — с. 86,87)

Хумайнӣ бар сиҳҳати ривояти фавқ таъкид карда мегӯяд: «ривоят бисёр равшан аст ва ҳеҷ гуна шак ва ибҳоме дар санад ва далолати он бар мафҳумаш вуҷуд надорад». (Ҳукум … с.79)

Ҳамчунин Хумайнӣ мафҳуми ривояти фавқро чунин мавриди таъкид қарор медиҳад: «…Барои халли ихтилофот бояд танҳо ба касе муроҷиа кард, ки имом ӯро таъйин кардааст на каси дигаре ва ин ҳукм барои ҳамаи мусалмонон омм аст». (Ал-ҳукуматул-исломия.-с.87, 88)

Ин аст назари Хумайнии таърифӣ… дар бораи қазовати хайрулқурун.

 

ж) Назари Хумайнӣ дар бораи афсонаи ғайбат ё маҳдавият

 

Хумайнӣ ба хурофотҳои ғайбат имон дошта, дар бораи он мегӯяд: «Бар ғайбати куброи имоми мо Маҳдӣ беш аз ҳазор сол гузаштааст ва шояд пеш аз он ки маслиҳат омадани эшонро тақозо кунад ҳазорон сол бигзарад». (Ал-ҳукумат…с.26) Ба ин матн хуб диққат кунед! Оё аз он бӯи ин намеояд, ки Хумайнӣ медонад, ки ғоиб будани имом хурофоте беш нест ва имоми ғоибе аслан вуҷуд надорад ва ба ҳамин далел омаданашро бисёр баъид донистааст? Аммо чун агар ҳамин ақидаи ғайбат намебуд Хумайнӣ ба унвони ноиби имом ин ҷойгоҳро касб намекард ва ин ҳама пулу сарват ба номи ХУМС ба вай намерасид. Ба ҳамин далел ба вуҷуди эътиқод ба хурофа будани он, сароҳатан инкораш накардааст. Шояд яке аз авомили иддаои ҷонишинӣ аз имоми замон ҳамин баид будани зуҳури вай аз назари Хумайнӣ будааст.

Хумайнӣҳикоёти риқоъро, ки иддао мешавад, дар замони ғайбати суғро аз имоми замон содир шудаанд, чунон ки гузашт, ҳуҷҷат медонад ва аз онҳо истидлол мекунад.

Ва назари эшон дар мавриди ҷиҳод ин аст, ки то замоне, ки Маҳдии мунтазар зуҳур накардааст ҷиҳод ва ё ҳатто шуруи он ҷоиз намебошад. (ниг. Таҳрирул-васила. 1\482)

Хумайнӣ адами иқомаи намози ҷумъаро дар замони ғайбат ҷоиз медонад ва дар ин росто мегӯяд: «бо вуҷуди вуҷуби намози Ҷумъа дар ин замонҳо ҳар кас миёни он ду намоз мухтор аст, (яъне Зуҳр ва намози Ҷумъа) ва беҳтар Ҷумъа мебошад вале намози Зуҳр ба эҳтиёт наздиктар аст. Ва беҳтар аз он ду, эҳтиёти бештар ҷамъ миёни он дуст». (Таҳрир…1\231)

Ба ҳамин иллат ӯ қоил ба ҷоиз будани хариду фурӯш ҳангоми намози Ҷумъа мебошад. Чунонки мегӯяд: «хариду фурӯш дар ҳангоми намози Ҷумъа баъд аз азон дар замони мо вуҷуби айнӣ нест». (Таҳрирул-васила.1\240)

Хумайнӣ тайи суханоне, ки дар бораи Маҳдӣ изҳор медошт гуфт: «Вай чизеро муҳаққақ хоҳад сохт, ки Паёмбарон натавонистанд онро муҳаққақ созанд». (Баёнияи Хумайнӣ дар 15-уми шаъбони соли 1400 ҳ.қ. ки радиои Теҳрон онро пахш кард. Инчунин нигар: рӯзномаи «Арраъюл-ом»-и кувайтӣ, 17 шаъбон 1400 ҳ.)

Ба дунболи он мусалмонон ин изҳороти ӯро тақбеҳ карданд ва робитаи олами исломӣ низ тайи баёнияе ин изҳоротро маҳкум кард ва бархе аз нашриёти исломӣ низ ҳамин корро карданд. Хумайнӣ дар посух ба ин маҳкумиятҳо баёнияе содир кард, ки дар он ҷуз бар таъкиди ҳамин амали зишт чизе набуд. Вай гуфт: «мо мегӯем Паёмбарон натавонистанд ба аҳдофи худ бирасанд ва Худованди муттаъол дар охируззамон шахсеро мабъус медорад, ки аҳдофи паёмбаронро муҳаққақ созад».

Ва сипас амали касонеро, ки изҳороти вайро маҳкум карда буданд, ба унвони амали тафриқаафкан дар миёни мусалмонон маҳкум мекунад. (Масъалатул-Маҳди алмунтазар. Ҳамроҳ бо рисолае дигар.-с.22)

Хумайнӣ муътақид аст, ки ҳокими машруъи ҷаҳони Ислом аз қарни саввум ба ин сӯ танҳо ҳамин имоми замон аст ва ҳокимияти каси дигаре ғайр аз ӯ машруъият надорад, магар ин ки яке аз ноибони барҳақи ӯ яъне як фақеҳи шиӣ ҳамчун худи вай бошад ва ҳокимони машруъ пеш аз вай низ ёздаҳтан аз падарони вай будаанд.

Вай мегӯяд: «Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) вилояти ҳамаи мардумро бар ӯҳда дошт ва ин вилоятро пас аз худаш ба амиралмӯъминин Алӣ супурд ва ин силсила идома ёфт то он ки вилоят ба имоми аср расид». (Ал-ҳукуматул-исломия.-с.98)

            Инҳо буданд бархе аз ақоиди муҳими Хумайнӣ, ки барои қонеъ кардани касоне, ки дар «падидаи Хумайнӣ» навъе эътидол мушоҳида мекарданд, онҳоро арза кардем. Ва инҳо буданд ҳуввияти мазҳабӣ ва усули эътиқодии вай, пас оё миёни ӯ ва исломи воқеӣ пайванду робитае вуҷуд дорад?

***

 

Аммо «ваҳдати исломӣ» аз назари Хумайнӣ марҳуни (дар гарави) давлати «ҷаъфарӣ» ва нашру басти сайтараи он бар миллатҳои ҷаҳони Ислом аст. Яъне «ваҳдати исломӣ» аз назари вай ба маънои таҳмили мазҳаби ташайюъ ва рафз бар ҷаҳони Ислом аст, вагарна ваҳдате вуҷуд нахоҳад дошт. Вай мегӯяд: «Мо ҳеҷ василае барои ваҳдати уммати исломӣ ва озод намудани сарзаминҳои он аз дасти истеъморгарон ва барандохтани хукуматҳои муздури онҳо дар даст надорем ҷуз ин ки барои барпойи ҳукумати исломиямон талош кунем ва ин ба навбати худ замоне ба даст хоҳад омад, ки ҳамаи сарони хиёнат ва ҳамаи бутҳо ва тоғутҳои башариро, ки зулму фасодро дар замин ривоҷ медиҳанд, аз байн бибарем». (Ал-ҳукумат…с.35)

Инак бингарем, ки давлати Хумайнӣ чӣ чизе тақдим кардааст.

 

 

Давлати Хумайнӣ ва тақриб (байни шиъа ва суннӣ)

 

Мо давлат ва инқилоби Хумайниро аз тариқи Қонуни асосии эъломшудааш мавриди арзёбӣ қарор медиҳем ва он чӣ эълом нашуда ва ниҳон аст бисёр бузургтар ва бештар аз ин аст:

1 — Қонуни асосии Хумайнӣ мегӯяд: «Вилояти амри мусалмонон аз они фақеҳи шиа аст». Дар «асли панҷум»-и қонуни асосӣ омадааст: «Дар замони ғайбати ҳазрати валии аср дар ҷумҳурии исломии Эрон, вилояти амр ва имомати уммат бар ӯҳдаи фақеҳи одил аст». (Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон.-с.22)

Дар фарҳанги рофизӣ танҳо фақеҳи рофизӣ метавонад ноиби имом шавад, пас ба эътиқод ва бовари онҳо ҳеҷ ҳукумати исломие, ки барпо шудааст ё дар рӯи замин барпо мешавад, машруъият надорад, магар ин ки ба раҳбарии имоми маъсум ва ё ноиби вай, ки танҳо як фақеҳи шиа метавонад бошад, барпо шуда бошад. Пас чӣ қадар сода ҳастанд мусалмононе, ки барои худ ва ё ҳизби худ аз Эрон кӯмак мехоҳанд… Оё дар сояи чунин нигариш ва эътиқод метавонад даъвате ба сӯи тақриб вуҷуд дошта бошад, магар бар пояи таҳмили мазҳби рафз ва ташайюъ ба номи ваҳдат ва тақриб?!

2 — Қонуни асосӣ мегӯяд: «…бадин ҷиҳат артиши Ҷумҳурии исломӣ ва сипоҳи посдорони инқилоб… на танҳо ҳифз ва ҳиросат аз марзҳо, балки рисолати мактабӣ, яъне ҷиҳод дар роҳи Худо ва мубориза дар роҳи Худо ва мубориза дар роҳи густариши ҳокимияти қонуни Худо дар ҷаҳонро низ ӯҳдадор хоҳад буд». (Қонуи асосии…с.16)

            Аммо ҳақиқати ҷиҳод ва мафҳумаш назди онон чизест, ки хатиби онҳо дар намози Ҷумъа онро чунин эълом мекунад: «ҳадафи аввал Маккаи Мукаррама аст, чаро ки дар ҳоли ҳозир, бино ба иддаои ҳокимони Эрон, гӯрӯҳе бар Макка ҳоким ҳастанд, ки аз яҳуд ва масеҳиён бадтаранд». Оре, аҳли суннат назди эшон аз яҳудиён ва масеҳиён ҳам бадтаранд ва нахустин аҳдофи онҳо дар ҷиҳод низ аҳли суннат ҳастанд. Пас агар онҳо алайҳи аҳли суннат бо яҳуд ҳам ҳамдаст шаванд набояд тааҷҷуб кард.

Маҷаллаи «Шаҳид»-и Эрон- забони ҳоли уламои шиъа дар Қум — дар шумораи 46 марбут ба 16-уми шавволи соли 1400 ҳ.қ. тасвире аз Каъбаи мушаррафа чоп кард, ки дар канори он тасвире аз масҷиди Ақсо вуҷуд дошт ва дар миёни онҳо тасвири дасте вуҷуд дошт, ки аслиҳае дар мушт дошт ва зери тасвир навишта шуда буд, «Мо ҳар ду қибларо озод мекунем». (ниг. Маҷаллаи «Шаҳид» ва маҷаллаи «Ал-мадинатул-мунаввара», Саудӣ 27 зилқаъда 1400ҳ.)

Муроҷиа кун ба китоби «Протаколи тахриби ҳарамайни шариф (ифшои тавтиаҳои пинҳонии рофизиҳо алайҳи ҳарамайни шарифайн ва ҳуҷҷоҷи байтуллоҳи ҳаром). Таълифи: дуктур Абдуллоҳ Ғаффорӣ.

www.aqeedeh.com

www.islamtape.com

www.ahlesonnat.net

 

3 — Моддаи дуввуми Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон мегӯяд, низоми онҳо… бар пояи Китобу суннати маъсумин устувор аст. Дар ин модда суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба расмият шинохта нашудааст, чаро ки онҳо ба суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) имон надоранд, балки ба ҷои он аз суннати маъсумин ё худ ҳамон аимма, ки онҳоро аз Паёмбарон бартар медонанд, пайравӣ мекунанд ва ба он имон доранд. Дини онҳо бар пояи суннати маъсумин устувор аст ва баргирифтан аз онҳо ва имон бар онҳо дар ақидаи онҳо рукни имон аст ва ҳар касе, ки рукне аз арконро инкор кунад, мусалмон нест. Пас, аҳли суннат аз дидгоҳи онон мусалмон нестанд.

4 — Моддаи дувоздаҳум мегӯяд: «Дини расмии Эрон, Ислом ва мазҳаб ҷаъфарии исноашарист ва ин асл илалабад ғайри қобили тағйир аст». (Қон…с.20)

Охир чаро ин модда то абад ғайри қобили тағйир бошад. Оё онҳо бар ғайб огаҳӣ ёфтаанд ё аз Худованд дар ин замина паймон гтрифтаанд ва чаро қонуни асосияшонро бар асоси фирқагароӣ танзим кардаанд, дар ҳоле ки режимашонро «Ҷумҳурии исломӣ» мехонанд!!

Ин буд бархе  ақоиди фосиди  Хумайнӣ, ки аз китоби устод Алқаффорӣ, пешкаши шумо намудем.

Аллома Абулфазли Бурқаӣ, раҳмати Худованд бар эшон, (эшон дорои унвони Оятуллоҳ буда ҳудуди си сол бо Хумайнӣ дар як ҳавза буданд ва худи Хумайнӣ дар бораи ӯ гуфтааст: «оқои Бурқаӣ муҷтаҳид ва соҳибназаранд вале эшон мардумдор нестанд» яъне (мисли дигар охундҳо) ба хотири авом фармонҳои Қуръон ва суннатро зери по намегузорад) роҷеъ ба шахсияти Хумайнӣ мегӯяд: «Оқои Хумайнӣ ғарқ дар фалсафаи юнонӣ ва ирфон(и бидъӣ) буда ва аз ҳақоиқи қуръонӣ чандон мутталеъ нест ва Қуръонро низ мутаассифона бо айнаки кадри (хира) фалсафа ва ирфон мебинад. Ҳатто китоби Худо Қуръонро қобили фаҳм намедонад, гӯё нахондааст, ки Қуръон «мавъизатуллинноси ва баёнуллиннос» аст!! Ва ба қадре ба хурофот олудааст, ки хуб ба ёд дорам замоне, ки дар мадрасаи Файзия ба тадрис иштиғол дошт, шунидам, ки ба шогирдаш мегуфт, ки «агар Имом (а) пуф кунад ситорагон хомӯш мешаванд»! Ва муътақид буд ҷамии зарроти олам дар баробари Имом (а) хозиъанд…? — наузубиллоҳи мин музиллотилфитан.

Китоби Кашфуласрор, ки ҳокӣ аз ақоиди ӯст олуда ба ин хурофот аст. Унси вай бо Қуръон дар ҳаддест, ки дар яке аз суханрониҳояш, ки аз радио ва телевизион пахш шуд, гуфт: «дар Қуръон сураи мунофиқун дорем вале сураи кофирун надорем» ва ба ёд надошт, ки сураи саду нуҳуми Қуръон, сураи шарифаи Кофирун аст!! (ин ҳам яке аз далоили муҷтаҳид будан ва аз мадорики марҷаияти эшон аст).

Илова бар ин яке аз хусусиёти Оқои Хумайнӣ, тарси шадид аз авом аст ва ҳатто фарзандаш Аҳмадро низ ҳамин гуна тарбият карда…». Зиндагиномаи аллома Абӯлфазл ибни Арризои Бурқаӣ, бо қалами худи эшон)

Вале агар огаҳ набошӣ инро ҳам бидон, ки ақоиди Ҳасан  Насруллоҳ аз Хумайнӣ ҳам дида бадтару фосидтар аст. Вай дашному носазогӯӣ ба асҳоби Паёмбарро, беҳтарин равиш барои наздик шудан ба Худованд медонад. Ба қавли устод Юсуф Қарзовӣ: «Ҳасан Насруллоҳ аз шиъиёни ифротӣ ва аз ҷумлаи ашадитарин душманони асҳоби Паёмбар ва муъминин аст». (ниг. Муҳаммад Барҳом. Ал-мавсуатус-сақофиятуш-шомила.-с.307)

Ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ, раҳмати Худованд бар эшон, гуфтааст: «Ғулот аз яҳуду насоро ва мушрикин дида бадтаранд».

Барои аз ин ҳам бештар донистани ақоиди ин даҷҷолсифатон, ба китоби: Маза таърифу ан ҳизбиллоҳ. Алӣ Ассодиқ. 211с. муроҷиа намо!!

Дар охир боз ҳам аз баъзе азизон хоҳиш мекунам, ки дар бораи чизе, ки илм надоранд, ворид нашаванд ва ба заъми худ сухан нагӯянд; чун ин шева, адолат ва амалкарди илмӣ нест.

 

Баргирифта аз: http://islamhouse.com/tg/articles/885670/

Теъдоди боздид :
123053

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок