Тавҳини Бозор Собир ба Афғонистону мардумаш
Таърихи изофа : 5/14/2015 2:20:11 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Бозор Собир, шоири бемори тоҷик дар шеъри навбатии худ дар васфи Фархунда, ҷавондухтари афғон, ки тавассути баъзе мардони ҷоҳилу нодон ба қатл расид, ба Афғонистону мардумаш тавҳин раво дидааст.

 Сафири Афғонистон дар вокунише ба ин шеър, Бозор Собирро “одами кӯчак” ва шеърашро “беадабӣ” хонд.

Абдулғаффор Орзӯ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ки бо сомонаи Фараж суҳбат мекард, чунин гуфт: “Бозор Собир шеър не, балки нисбати мардуми шарифи Афғонистон тавҳиннома навиштааст. Чунин ҳодиса метавонад дар ҳар давлати дунё рух диҳад, вале ин маънои онро надорад, ки як кишвари фарҳангӣ ва кишваре, ки ҳуқуқи занон он ҷо ҷойгоҳи махсус дорад, моро паст занад. Кишвареро, ки он ҷо нобиғаҳову адибон таваллуд шудаву шеъру шоирӣ карда ва ҷомеаи бузурги маданӣ офаридаанд, «Шоҳнома» навиштаанд, яъне моро дашноми рӯирост кардааст. Бубинед, магар шоир метавонад бигӯяд, ки "Туф ба Афғонистон", "Туф ба миллат"?. Ин як беадабист. Бо чунин шеър ман наметавонам бигӯям, ки ӯ одами бузург аст, балки хеле кӯчак аст. Ҳоло пас аз мутоилаи дигарбора шеър ҳатман андеша хоҳем кард”.

Гуфтанист, ки Бозор Собир, ки чандин бор аз тарафи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, Имомалӣ Раҳмон мавриди қадрдонӣ қарор гирифт, тавҳинҳои зиёде ба муқаддасоти мусалмонон ва ҳатто мардуми тоҷик раво дидааст, ки бемории руҳу равонии ин шоирро бозгӯ мекунад, ва дар муқобил ҳеҷ вокунише аз ҳеҷ тарафе ба ин беадабиҳои ӯ нишон дода нашудааст.

Теъдоди боздид :
2676

Bookmark and Share              Balatarin
 
Monday 22 February 2016 02:02:44 GMT
seven 
ин бозор не як хараст ин х,айвони малъун аст ва касе ки ин бозори хара к,адр дони кардааст ух,ам мисли ин лаънати хараст
Friday 15 May 2015 07:05:33 GMT
шамсуддин 
Вай бо ин шераш дубора бар руи худ туф кардааст, на руи мардуми шарифи Афгонистон. Мардуми афгонистон аз худ намунаи хуб нишон дод, рузе мо бо ин шоири малун чунин хохем кард.
Thursday 14 May 2015 07:05:55 GMT
Бозор Соообир 
Хеч гап не Бозорчон камтар касали рухи дорад мегузарад ин кадар ахмият надихед.
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок